Ӯзбекистон

АМА дар Покистон ба арзиши 5 миллиард доллар корхонаи нафт месозад

Аморати муттаҳидаи араб дар Покистон корхонаи пардозиши (переработка) нафт хоҳад сохт. Дар ин бора Ҳамод Убайд Иброҳим Салим аз Заъбӣ, сафири АМА дар Исломобод дар мусоҳибаи матбуъотӣ гуфтааст.
Ба гуфтаи сафири АМА, ин лоиҳа сармоягузории калонтарини кишвараш дар заминаи нафти Покистон хоҳад буд. Корхона дар шаҳри Хуби вилояти Балуҷистон сохта мешавад. Ширкати муштараки Покистон ва АМА – Mubadala Petroleum бо ҳамкории ширкати OMV-и Австралия ин корхонаро хоҳанд сохт.
Корхона дар як шабонарӯз 250-300 ҳазор баррел нафтро пардозиш хоҳад кард.
манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ