Ӯзбекистон

Дар марзи Ўзбекистон ва Қазоқистон маркази тиҷорати байналмилалӣ таъсис меёбад

Дапр миёни марзи Ӯзбекистон ва Қазоқистон маркази тиҷорати байналмилалии “Марказий Осиё” таъсис меёбад.Дар ин бора Қайрат Тӯрабоев, муъовини вазорати тиҷорати Қазоқистон хабар дод.Ба гуфтаи Тӯрабоев, Ӯзбекистон шарики асосии стратегии Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Вай гуфт, “Мо барои ҷойгир кардани маркази тиҷорат 5-то ҷойи эҳтимолиро интихоб кардем. Ҳадафи маркази байналмилалӣ густариши сайёҳии байналмилалӣ, рушди хидматрасонии ҳамлу нақл ва роҳандозии соҳибкории муштараки наздимарзӣ мебошад”.Тӯрабоев афзуд, “Дар марҳилаи амалишавии лоиҳа 10 ҳазор ва баъди ба баҳрабардорӣ расондани марказ 40 ҳазор ҷойи корӣ эҷод хоҳад шуд”.манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ