Ӯзбекистон

Намояндагони порлумони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон меоянд

Имрӯз намояндагони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ин кишвар ба Ӯзбекистон меоянд.Бино ба хабари маркази матбуъотии Маҷлиси қонунгузории Ӯзбекистон, намояндагони Тоҷикистон дар чорчӯби ин ташриф бо Нурдинҷон Исмоилов, раиси Маҷлиси қонунгузорӣ дидор хоҳанд кард.Дар мулоқот вазъияти имрӯзаи ҳамкории порлумонҳои ду кишвар, барномаҳои оянда ва масъалаҳои таҳкиму густариши равобити дуҷониба баррасӣ мегардад.Ҳамчунин, меҳмонони тоҷикистонӣ дар давоми ташрифи серӯза ба тамошои шаҳри Самарқанд низ хоҳанд омад. манбаъ: kun.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ