Асосӣ

Музокираҳои ИМА ва Кореяи Шимолӣ ба бод рафт

Ким Мён Гил, сафири масъалаҳои махсуси вазорати корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ бесамар гузаштани музокираҳо бо ИМА-ро таъкид кард. Дар ин бора хабаргузории Рёнхап гузориш дод. Ким Мён Гил гуфт, “Аз он, ки ИМА ба мизи музокираҳо пешниҳоде нагузошт, дилсард шудем. Акнун масъулияти идомаи музокираҳо ба дӯши ИМА аст”. Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе дар Стокҳолм намояндагони Кореяи Шимолӣ таҳти раиси Ким Мён Гил ва намояндагони ИМА таҳти раёсати Стивен Биганан дар бораи поксозии нимҷазираи Корея аз атом баргузор шуд. Ин нахустин музокираҳои ду кишвар баъди нишасти моҳи феврал дар Ханой буд.

манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ