Ӯзбекистон

Ӯзбекистон ва Япония дар бораи истеҳсоли электробусҳо музокира мекунанд

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 7-уми октябр дар бораи баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иҷтимоъиву иқтисодӣ, иҷрои тавофуқномаҳои бо кишварҳои хориҷӣ имзошуда ҷаласа баргузор кард.Маълум аст, ки дар поёни соли ҷорӣ раисҷумҳур ба Япония сафар мекунад ва дар чорчӯби омодагӣ ба ин сафар бо Токио дар соҳаҳои энергетика, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ ду кишвар тавофуқ кардааст.Дар хабари маркази матбуъотии раисҷумҳур гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир музокираҳои Ӯзбекистон ва Япония дар бораи истеҳсоли электробусҳо баргузор аст. Ҳамчунин, масъалаҳои истеҳсоли маҳсулоти кимиёӣ, сохтусози нерӯгоҳҳо бар асоси технологияҳои Япония, поксозии об ва навсозӣ кардани сомонаи обрасонӣ низ дар миёни ду кишвар баррасӣ мешавад. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ