Ӯзбекистон

Ҳабиб Нурмагомедов: «Мехоҳем дар Ўзбекистон Академияи MMA-ро боз кунем»

Ҳабиб Нурмагомедов, ҷангандаи ММА (Mixed martial arts – ҳунари ҷангҳои омехта) ва чемпиони UFC дар вазни сабук мехоҳад дар Ӯзбекистон Академияи ҳунари ҷангро боз кунад. Ӯ дар ин бора дар нишасти матбуъотии Форуми ҷаҳонии Синергия дар Санкт-Петербург изҳор кард.Нурмагомедов гуфт, “Мехоҳем дар Ӯзбекистон ММА-ро равнақ диҳем ва академияи манро боз кунем. Дар Ӯзбекистон дӯстони зиёд дорад. На танҳо дӯстон, ҳаводоронам низ бисёранд. Агар иштибоҳ накунам ин кишвар 35 миллион аҳолӣ дорад. Ҳар куҷои дунё, ки рафтам, ӯзбекистониҳо назди ман моянд ва орзуи комёбӣ мекунанд”.Ҳамчунин, Ҳабиб гуфт, ки рӯзи 23 ноябр дар аренаи “Ҳумо”-и Тошканд мусобиқаи GFC-21 барпо мегардад ва писари амакаш Умар Нурмагомедов дар он ширкат мекунад.Вай афзуд, “Мо дар он ҷо (Ӯзбекистон) мусобиқаи GFC-21 баргузор мекунем. Ин наустин мусобиқаи ММА дар Ӯзбекистон хоҳад буд… Ҳукумат ин ғояро пуштибонӣ мекунад. Дар мусобиқа 7 нафар ӯзбекистонӣ ва 6 нафар ҷангандаи мо ширкат хоҳанд кард.Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмагомедов, ӯ ҷанги навбатиашро моҳи март ё апрели соли оянда баргузор хоҳад кард.

манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ