Ҷаҳон

Назарпурсӣ: Дар Кореяи Ҷанубӣ мухолифони иттиҳод бо Кореяи Шимолӣ афзоиш ёфтааст

Пажӯҳишгоҳи Gallup Korea-и Кореяи Ҷанубӣ дар бораи муттаҳидшавӣ бо Кореяи Шимолӣ дар миёни мардум назарпурсӣ баргузор кард. 20,5 дарсади ширкаткунандагони назарпурсӣ мухолифати худро ба муттаҳидшавӣ бо Кореяи Шимолӣ изҳор карданд.Дар ин бора хабаргузории Yonhap хабар медиҳад.Соли гузашта дар ин назарпурсӣ 16,1 дарсади ширкаткунандагон ба иттиҳоди ду кишвари Корея мухолиф буданд. Ҳамзамон, шумори тарафдорони иттиҳод бо Кореяи Шимолӣ аз 60 дарсади соли гузашта то 53 дарсад коҳиш ёфт.Ба гуфтаи коршиносон, бесамарии музокираҳо дар бораи поксозии нимҷазираи Корея аз атом боиси тағйири назари як қисми мардуми Кореяи Ҷанубӣ шудааст.Вале дар зимн, шумори онҳое, ки Кореяи Шимолиро ҳамчун таҳдиди асосии кишварашон медонанд, то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин аз соли 2007, ки назарпурсӣ баргузор мегардад, натиҷаи минимум мебошад.Манбаъ: ТАСС
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ