Ҷаҳон

Эквадор аз Созмони милал барои бозгардондани оромии кишвар кӯмак пурсид

Ҳукумати Эквадор эълон кард, ки ба қабули кӯмаки Созмони милали муттаҳид барои ба тартиб овардани вазъияти кишвар – ҳалли тазоҳуроти мардум омода аст.Дар ин бора маркази матбуъотии вазорати корҳои хориҷии Эквадор хабар дод.Дар ин хабар гуфта мешавад, “Ҳукумати Эквадор ба намояндаи СММ дар Кито маълум кард, ки барои қабули кӯмаке, ки метавонад кишварро ба оромии иҷтимоъӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бозгардонад, омода аст”.Чанде пеш Хуан Себастян Ролдан, дабири раисҷумҳури Эквадор эълон кард, ки кишвараш барои дарёфти кӯмак аз калисои католик барои роҳандозии гуфтугӯ бо тазоҳуркунандагон омода аст. Ёдовар мешавем, ки аз 3 октябр дар сартосари Эквадор мардум тазоҳур мекунанд. Бекор шудани субсидияи сӯзишворӣ боиси хашми мардуми кишвар шудааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ