Ҷаҳон

Дар шарқи Чин ради пойи динозаврҳои 100 миллион сол пешро кашф карданд

Палеонтологҳо дар вилояти Чжесзяни воқеъ дар шарқи Чин якчанд ради пои сангшудаи динозаврҳои 100 миллион сол пешро пайдо карданд.
Дар ин бора хабаргузории Синхуа хабар дод.
Син Лида, номзади фанни Донишгоҳи улуми заминшиносии Пекин гуфт, ки дар деҳаи назди шаҳри Ланси 20-то ради пои диназаврҳо пайдо шуда, ки андозаи онҳо аз 22,7 то 82 сантиметр мебошад. Мутахассисон ҷасади ин динозаврҳоро аз 3,8 то 14 метр арзёбӣ мекунад.
Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ради пои динозаврҳо таърихи 100 миллионсола доранд ва ба Даври бӯр таъаллуқ доранд. Дар даври бӯр дар ин минтақа зауроподҳо (динозаврҳои калтокалоспо) умр ба сар бурдаанд. Пажӯҳишгарон ба чунин хулоса омаданд, ки зауроподҳои гӯштхӯр бо динозаврҳои алафхӯр дар як давру макон зиндагӣ кардаанд, вале ҳанӯз далели ин хулосаашонро пайдо накарданд.
Мақолаи Син Лина ва Мартин Локли, профессори Донишгоҳи Колорадо дар бораи ин пажӯҳиш дар маҷаллаи Historical Biology чоп шуд. Палеонтологҳо дар ҳоли ҳозир бо ҳукумати маҳаллӣ барои ҳифзи ради пои динозаврҳо ҳамкорӣ мекунанд.

манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ