Ҷаҳон

Намояндаи Украина: Ҳарфе дар бораи автономияи Донбасс ҷой надорад

Алексей Макеев, мудири сиёсии вазорати корҳои хориҷии Украина гуфт, “Формулаи Штайнмайер” додани мухторият ба Донбассро пешбинӣ намекунад”.Видеои суханронии Макеев имрӯз дар сафҳаи Твиттери вай мунташир шуд.Макеев гуфт, “Сухан дар бораи интихоботи маҳаллӣ меравад. Касе ба интихоботи раисҷумҳурӣ, додани мухторият дар он ҷо иҷоза намедиҳад, чунки, Украина давлати унитарӣ аст”.Ба гуфтаи вай, дар “Формулаи Штайнмайер” хусусиятҳои ҷорӣ шудани қонуни вижагиҳои ҳукумати маҳаллӣ дар Украина навишта шудааст.Макеев афзуд, “Таъкид мекунам, мухторияте дар он ҷо (Донбасс) вуҷуд надорад, танҳо ҳукумати маҳаллӣ вуҷуд дорад”. манбаъ: Регнум
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ