Ӯзбекистон

Намояндагони Парламенти Тоҷикистон ба Самарқанд омаданд

Ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров дар доираи ташрифи худ ба мамлакат, ба шаҳри Самарқанд омаданд. Меҳмонон нахуст мақбара-маҷмӯаи Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримовро зиёрат карданд. Сипас, ҳайати намояндагон бо фаъолияти Маркази бай¬налхалқии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ шинос шуданд. Дар рафти сӯҳбат бо кормандони илмии марказ оиди вазъи¬яти имрӯзаи ҳамкории парламентҳои ду кишвар, барномаҳои оянда ва масъалаҳои таҳкиму густариши равобити дуҷониба, то рафт мустаҳкам гардидани муносибатҳи стратегӣ сухан рафт. Таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи ба¬ланди сиёсии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон асоси густариши робита ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд. – Хурсандам, ки дар ин шаҳри бостонам, – гуфт Ш. Зуҳу¬ров. – Дирӯз бо сарвари мамлакати Шумо Президенти муҳта¬рам Шавкат Мирзиёев ҳамсуҳбат шудем. Эътибори бештар ба соҳаи сайёҳӣ дода мешавад. Алҳол ҳар сол чанд миллион нафар сайёҳон ташриф меоранд ва барои бештар намуда¬ни шумораи онҳо тадбирҳо андешида мешавад. Ин боиси таҳсин аст. Дар дунё бисёранд нафароне, ки орзуи дидани Самарқандро доранд. Хокҷои бузургони зиёде ин ҷост. Дар бораи ояндаи шаҳр ҳокими вилоят маълумот дод, ки ҳай¬ратовар аст. Симои ин шаҳри қадиматаърих солҳои наздик батамом тағйир ёфта, ҷаҳониёнро сӯйи худ мекашад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ