Ӯзбекистон

Рӯйхати интихобкунандагон чӣ хел таҳия мегардад?

Дар рӯйхати интихоб¬кунандагон фамилияи шаҳрвандоне сабт мешавад, ки то рӯзи интихобот, ё рӯзи интихобот ба синни 18 расида бошанд ва ҳангоми таҳияшавии рӯйхат дар ҳудуди участкаи интихоботии мазкур ба сурати доимӣ ё му¬ваққатӣ зиндагӣ кунанд. Ҳар як интихобкунанда танҳо дар як рӯйхати интихобку¬нандагон сабт мегардад. Дар рӯйхати интихобкунандагон фамилия, ном, номи па¬дар, замони таваллуд ва манзили интихобкунанда навишта мешавад. Комиссияи участкавии интихоботи ҳадди ақал 40 рӯз пеш аз интихобот аз сӯи комиссияи интихобо¬ти округӣ таъин мегардад. Комиссияи интихоботии участкавӣ аз 5-19 нафар, аз ҷумла, раис, муовини раис ва котиб таркиб меёбад. Агар комиссия то 7 нафар узв дошта бошад, ба он раис ва котиб таъин мегардад.

Комиссияи округи инти¬хоботӣ, ки интихоботи на¬мояндагони Палатаи қонун¬гузориро баргузор мекунад, аз сӯи Комиссияи марказии интихоботӣ ва он комиссияи округи интихоботӣ, ки ин¬тихоботи шӯроҳои маҳалли¬ро баргузор мекунад, аз сӯи комиссияҳои интихоботии вобастаи вилоят, ноҳия ва шаҳр ҳадди ақал пеш аз 70 рӯзи интихобот ташкил карда мешавад. Ин комиссияҳо аз раис, муовини раис, котиб ва 6-8 нафар узв ташкил меёбанд. Комиссияҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии интихоботӣ ҳадди ақал 50 рӯз пеш аз интихобот аз сӯи шӯроҳои маҳаллӣ бо узвияти аз 7 то 15 нафар ташкил карда мешавад. Комис¬сияҳои интихоботӣ то оғозшавии кампанияи интихоботи навбатӣ ваколатҳои худро иҷро мекунанд. Ҳизби сиёсӣ барои пешниҳоди номзадҳояш ба намояндагӣ бояд им¬зои ҳадди ақал 40 ҳазор нафар интихобкунанда¬ро, ки ҳизбро пуштибонӣ мекунанд, дарёфт кунад. Дар зимн, ҳар як инти¬хобкунанда метавонад ба-рои пуштибонии як, ё якчанд ҳизби сиёсӣ имзо гузорад. Ҷамъоварии имзои интихобкунандагон дар ҷойи кору хидмат, муассисаҳои таҳсилӣ, манзил, тадбиргоҳҳои то¬интихоботӣ, ҳамчунин, марказҳои тарғибот ва ҷой-ҳое, ки ҷамъоварии имзо мамнӯъ нест, амалӣ мегардад. Шахсе, ки имзоҳоро ҷамъоварӣ мекунад, дар сурати маҷбур кардан ва ба сӯи худ моил кардани интихобкунандагон назди қонун ҷавоб хоҳад дод. Комиссия марказии интихоботӣ барои бар¬гузории интихоботи на¬мояндагони Палатаи қо¬нунгузорӣ 150-то округи ҳудудӣ ташкил мекунад. Комиссияҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии интихо¬ботӣ барои баргузории ин-тихоботи шӯрои намояндагони халқи вилоят ва шаҳри Тош¬канд то 60 ва барои баргузори интихоботи намояндагони халқи ноҳия ва шаҳр то 30-то округи интихоботӣ ташкил мекунанд. Комиссияи интихобот ҳадди ақал 75 рӯз пеш аз интихо¬бот бо нишон додани сарҳадҳо, шумораи интихобкунандагон ва манзили ҷойгиршудаи комиссияҳои интихоботи округӣ, рӯйхатҳои округҳои интихоботиро эълон мекунад. Комиссияи округи инти¬хоботӣ тартиби шумораи участкаҳои интихоботро муайян мекунад ва бо ни¬шон додани шумораи теле¬фон, манзил ва бинои раъ¬йдиҳӣ дар бораи сарҳадҳои ҳар як участка хабар ме¬диҳад.

Таҳияи Умед ФАРҲОДЗОД

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ