Ӯзбекистон

Сессияи Шӯрои вилоят

Имрӯз сессияи навбатии 66-уми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов сарварӣ кард .Дар сессия аввал масъалаи иҷрои бюжети маҳаллии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2019 муҳокима гардид. Дар ин бора ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ.Уроқов баромад кард. Сипас оиди иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 21-уми июни соли 2017 “дар бораи чораҳои боз ҳам дастгирии ташкилотҳои маҳаллие, ки экспорт мекунанд ва таҳлили фаъолияти иқтисодии беруна” ҷонишини ҳокими вилоят, Сардори Садорати инвиститсияҳо ва савдои беруна О.Хоҷаев ҳисобот дод.Дар сессия Сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Ш.Раҳмонов дар бораи фаъолияти идораҳои корҳои дорхилии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2019 оиди пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ маълумот дод. Депутатҳо масъалаҳои мазкурро муҳокима карданд. Дар сессия масъалаҳои дигар низ муҳокима гардиданд. Сессия аз рӯи масъалаҳои муҳокима гардида қарорҳо қабул кард.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ