Ӯзбекистон

Намоиши “Найрангҳои Майсара” ва “Бузаки ҷингилапо” дар Самарқанд

Ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Ҷумҳурияти Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд меоянд.
Онҳо рӯзҳои 13-19-уми октябри соли ҷорӣ дар Театри мусиқӣ-драмавии вилоят ба номи Ҳамид Олимҷон намоишномаи мазҳакавии “Найрангҳои Майсара” дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов ва намоишномаи бачагонаи “Бузаки ҷингилапо”-и Фаттоҳ Одина ба намоиш мегузоранд.
Гурӯҳи ҳунармандон аз 33 нафар иборат буда, таҳти роҳбарии муовини аввали директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Нуруллоев Содиқ ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурияти Тоҷикистон сурат мегирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ