Ӯзбекистон

Бюрои иҷрои ҳатмӣ вазифаашро чӣ хел иҷро мекунад?

Дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба фаъолияти Бюрои иҷрои ҳатми (БИҲ) – и назди Сарпрократураи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон доир ба интизоми иҷро, маданияти пардохт ва масъулият, инчунин, корҳои дар ин бобат иҷрошуда анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Иштирокдорони он роҳбару мутахассисони БИҲ ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ буданд.
Дар анҷуман сардори Садорати БИҲ – и вилоят Алишер Зокиров дар мавзӯи “Бюрои иҷрои ҳатмӣ: интизоми иҷро, маданияти пардохт ва масъулият” маърӯза кард. Нотиқ дар маърӯзааш оиди фаъолияти ташкили БИҲ дар мамлакат, муваффақият, муаммо ва вазифаҳои асосии бюро, таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои мақомот, инчунин, ҳуҷҷатҳои суд, таъмини ҳаққонии маблағситонӣ, мавқеи имрӯзаи сохтори бюро, қарздорӣ аз гази табиӣ, қувваи барқ, оби нӯшокӣ, партовҳо, зиддиятҳои байни БИҲ ва корхонаҳои таъминотчӣ ва ғайра маълумот дод.Таъкид гардид, ки дар 9 моҳи гузаштаи соли 2018 миқдори маблағи ситонидашуда аз таъминоти ресурсҳои энергия, оби нӯшокӣ ва хизматҳои тозакунии пардохтҳои маишӣ 820,8 миллиард сӯмро ташкил намуда бошад, дар ҳамин даври соли ҷорӣ ин нишондод ба 43,4 фоиз афзуда, 1,2 триллион сӯмро ташкил намуд. Имрӯзҳо дар сохтори БИҲ 1145 нафар ходим, аз ҷумла 612 нафар нозири давлатӣ ва 185 нафар иҷрогари давлатӣ меҳнат мекунанд. Дар тадбир сардори садорат, ҷонишинҳои ӯ Б.Юсуфов, У.Бутунов ва дигар мутахассисон ба саволҳои зиёди журналистон посух доданд.
Ҷамшеди АСРОР
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ