Ӯзбекистон

Дар пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо кӣ гунаҳкор?!

Баъди интишори қарори муштараки шӯроҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми ба тартиб овардани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, чорабиниҳо бахшида ба хотираи марҳумҳо» дар байни мардум фикрҳои гуногун ба миён омаданд. Баъзеҳо хушҳолона «ана акнун тартиб мешавад» гӯянд, бархе бепарвоёна «боз як воҳимаандозӣ» гӯён даст меафшонанд.
Тӯй – хушрӯзии ҳар як инсон ва расму оини қа¬димии халқамон аст. Маҳз дар он саховатмандӣ, ди¬лёбӣ, меҳмоннавозӣ, дӯстӣ барин фазилатҳои неки ин¬сонӣ муҷассам. Сад афсӯс, ки солҳои охир маъракагузарониҳо ба манманӣ, худ¬ситоӣ ва аз ҳама бадаш – ба исрофгарӣ табдил ёфт. Тӯй ва дигар маросимҳо як навъи «мусобиқа» шуд.
Алалхусус, дар тӯйи ақди никоҳ бетартибиҳо, намоишкориҳо чунон авҷ гирифтанд, ки онро мушоҳида карда, гоҳо ангушти ҳайрат мегазед. Ҳангоми аз қайди никоҳ гузаштани арӯсу до¬мод мошинҳои гаронбаҳои якранг турнақатор меша¬ванд, ки ҳангоми ташрифи меҳмонони олиқадр чунин ҳолатро намебинед. Нархи кирои онҳо аз сад доллар то 300 доллари амрикои¬ро ташкил мекунад. Дар баъзе тӯйҳо то 1200 нафар меҳмонон даъват мешаванд. Дар рӯйи дастархони тӯёна фақат шири мурғу пойи мор нест. Хӯрокҳо се-чор хел. Воқеан, баднафсе ба чунин маърака рафта нозу неъ¬матҳоро дида гуфта будааст, ки «Худоё, ё ҷонамро гир ё шикамамро калон намо!».
Дар як шабнишинӣ се-чор маротиба либос иваз кардани арӯс, рақсу бозиҳои ба менталитетамон бегона, пош додани пулҳоро чӣ гуна маънидод кардан мумкин аст? Оё ин нишонаи паст рафтани маънавияту маъ¬рифат нест? Шумо, хонан¬даи закӣ, рамузфаҳм гуфта¬натон мумкин, ки «калонҳои гузар, мӯйсафедон, зиёӣ ва маърифатпарварон ба куҷо менигаранд?». Ҷавоби мо тайёр: даҳони хӯранда – шарманда!
Акнун тасаввур кунед, ки барои тадбире, ки ҳама¬гӣ 2-3 соат давом мекунад, садҳо миллион сӯм маблағ сарф кардан дуруст аст?! Оё моро уболи нозу неъматҳо намегирад? Хуб, баъзе шах¬сҳо дар хориҷа бо роҳҳои гуногун маблағ ёфта, «ман аз фалонча кам не» гуф¬та, онро беғам сарф меку¬нанд. Мардуми миёнаҳолу оилаҳои камбизоат чӣ кор кунанд?! Бечора камбағал «аз қатор намонам» гуф¬та, то гардан ба қарз ғӯти¬да, маърака мегузаронад. Баъд дар оила аз норасоӣ ҷанҷолу ханҷол, баҳсу муно¬зира ва оқибат судбозӣ оғоз меёбад, ки натиҷааш вайрон шудани оила аст.
Хӯш, ба ин ҳодисаи но¬хуш кӣ гунаҳкор? Албатта мо – иштирокчиёни баз-ми ҷамшедӣ, фаъолони гузар, пешвоёну фаъолон гунаҳкор!
Беш аз сад сол қабл аз ин маърифатпарва¬ри машҳур Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар маҷаллаи «Оина» (соли 1915, шумо¬раи 13) бо сӯзу гудоз на¬вишта буд, ки «дар мо ду иллат аст – тӯй ва мароси¬ми дафн, ки рӯзгорамонро хароб мекунад». Сипас, дар матбуоти даврӣ боз би¬сёр мақолаҳои танқидӣ чоп шуд, тавассути оинаи нилгун ва радио нисбати исрофгарӣ сӯҳбати мизи мудаввар ташкил ёфт. Оё онҳо ягон натиҷа доданд? Пас аз ин ҳама чорабиниҳо чӣ тағйир ёфт?
Дуруст, муддао аз тӯй – некӣ ва хайру эҳсон мебошад. Дар маъракаҳо аминҳои гузар, мӯйсафе¬дон даст ба дуо бардошта «ёфтаатон ба тӯй равад» мегӯянд. Аммо моён аз чӣ бошад, нисбати бахту са¬одат ва ояндаи фарзанду набераҳо не, балки чӣ тавр гузаронидани тӯй майна об мекунем ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳем.
– Бо тақозои вазифа дар маъракаҳо иштирок меку¬нам, – гуфт имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Зуд¬муроди шаҳри Самарқанд ҳоҷӣ Мустафоқул Мелик¬зода. – Ҳамеша доир ба зиё¬ни исрофкорӣ ва худситоӣ ҳарф мезанам, аммо су¬ханҳои мо, пешвоёни дин ба баъзеҳо хуш намеояд ва аз қабили «пушти ману табари қассоб» рафтор мекунанд.

Масалан, дар дини мо ба гузаронидани мароси¬ми «бегоҳи панҷшанбе», «бист», «чил», «оши сол», «пул додан», «матоҳ ва чойи хушк тақсим кардан» иҷозат дода нашудааст. Мо дар баъ¬зе маъракаву маросимҳои дафн ба рӯйи миз зеҳн монда ҳайрон мешавем, ки ин маросими мотам аст ё тӯй? Боз 100-200 нафар ва аз он зиёд мардум ширкат меварзанд. Хушбахтона, барои тағйирот оиди тан¬зими тӯю маъракаҳо қарори муштараки шӯроҳои Пала¬таи қонунгузорӣ ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ гардид, ки айни муддао аст. Умед дорем, ки барои ба амал татбиқ намудани қарори мазкур назорати ҷамоатӣ пурзӯр карда мешавад.
Воқеан, ҳоло масъалаи ба танзим даровардани маъ¬ракаҳоро мардум ба таври васеъ муҳокима мекунанд. Қобили зикр аст, ки аксари шаҳрвандон ин ислоҳотро бо хушнудӣ истиқбол ги¬рифтанд. Аммо миш-мишҳо ҳастанд, ки бойбачаҳо ва сарватмандони калондимоғ бо ҳар роҳ маъракаашонро ба таври худ, намоишкоро¬на ва исрофкорона хоҳанд гузаронд.
Ба фикри мо ин дафъа қонун қатъӣ аст ва иҷрои он низ комилан назорат кард.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ