Ӯзбекистон

Аз таърихи ҳунармандӣ дар Самарқанд

Аввали шаклгирии фанни назарияи иқтисодиёт дар асри XVI аз мактаби меркантелизми Европа оғоз ёфтааст.
Меркантелизм – аз калимаи «merkante»-и италиянӣ гирифта шуда, маънояш савдогар аст. Та¬рафдорони меркантелизм ақидае доштанд, ки мувофиқи он сарвати ҷамъият аз пул, тилло, нуқра иборат буда, он ба воситаи тиҷорат, (бештар тиҷорати беруна) зиёд мешавад. Яке аз намояндагони мактаби илмии мазкур иқтисодчии англис Томас Мен аст. Вай аввал савдогар буда, соҳиби сарвати бисёр шуд ва таҷри¬баи худро дар асарҳои «Мулоҳизаҳо оиди савдои Англия бо Ост-Индия» ва «Сарвати Англия аз савдои беруна ё ки баланси мо аз савдои беруна ба сифати асоси сарвати мо» ифода кардааст.
Дар ҳамон давр тиҷорат ва му¬омилаи пул чунон нақши бузург дошт, ки ибораҳои «тиҷорат» ва «иқтисодиёт»-ро мафҳумҳои монанд ҳисоб мекарданд. Т. Мен аз олимоне буд, ки манбаи сарват, савдогари бо¬зор гӯён тарғибот мекарданд.
Беш аз дусад сол пеш аз шакл¬гирии ғояҳои меркантелизм дар Европа, ки асоси беҳдошти вазъи иқтисодии мамлакатро аз ривоҷ¬диҳии тиҷорат ва ҷамъоварии сар¬ват медонист, Амир Темур дар асри XIV барои дар ҳаёт амалӣ кардани ин ғоя тадбирҳои заруриро гузарон¬да буд. Вай ба инкишофи бозори до¬хилӣ ва беруна аҳамияти калон дод. Дар шаҳру ноҳияҳо бозор, растаҳои савдо, устохонаҳои ҳунармандӣ бар¬по шуданд. Дар роҳҳои карвонгард работ, карвонсарой, сардоба ва ди-гар биноҳо сохтанд. Дар ду тарафи кӯчаҳои шаҳри Самарқанд растаҳо қад рост карданд. Маҳсулот аз рӯйи навъҳо дар растаҳои алоҳида фурӯх¬та мешуд ва ҷойи савдо номи ҳамон маҳсулотро мегирифт. Мисол, шар¬батдор, заргарон ва ғайра. Тарти¬би мазкур баъди темуриён низ дар шаҳр мавҷуд буд.
Дар бозорҳои Самарқанд саррофҳо, ки пул иваз мекарданд, фаъолият доштанд. Нарху навои бозорро ба таври қатъӣ назорат мекарданд. Ба тоҷироне, ки маҳсу¬лотро бо нархи аз ҳад баланд ме¬фурӯхтанд, ҷазо медоданд.
Роҳи карвоне, ки мамлакатҳои Шарқро бо Ғарб мепайваст, яъне Роҳи бузурги абрешим аз шаҳрҳои марказии давлати Темур мегузашт. Савдогарҳои Ҳиндустон, Хитой, мамлакатҳои Эрон, Туркия ва ғайра дар бозорҳои ин шаҳрҳо маҳсулоти овардаашонро фурӯхта, дар бозгашт молу ашёи истеҳсоли маҳаллиро ме¬бурданд.
Сафири Испания дар Самарқанд Руи Гонсалес Клавихо дар ёддо¬штҳояш овардааст, ки дар бозорҳои Самарқанд савдогарҳоеро, ки ба забонҳои гуногун ҳарф мезаданд ва ба динҳои мухталиф эътиқод доштанд, вохӯрдааст. Чунки Амир Темур барои фаъолияти савдога¬рон, корвонҳо шарту шароити хуб ташкил кард, инчунин қувваи ха¬риди аҳолии мамлакат баланд буд. Сифати баланди маҳсулоти инҷоӣ савдогарони хориҷиро ба Моваро¬уннаҳр чун оҳанрабо мекашид.
Бояд таъкид кард, ки дар даври салтанати Амир Темур дар шаҳри Самарқанд ҳунармандӣ хеле ри¬воҷ ёфт. Агар дар шаҳр маҳсулоти бофандагӣ, кулолӣ, оҳангарӣ, зар¬гарӣ тайёр кунанд, сокинони чор¬вопарвари деҳот аз чарм ва пашм либосҳои гуногун, пойафзол, гилем, чодир ва ғайра тайёр мекарданд. Зарфҳо, яроқу аслиҳа, зару зевари аз тилло, нуқра, мис ва биринҷӣ сох¬таи устоҳои мовароуннаҳрӣ ва хуро¬сонӣ чун намунаи баланди санъати амалӣ арзёбӣ мешуданд.
Коғази Самарқанд бо нафисӣ ва сифати худ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо ва дар мамлакатҳои Шарқ инқи¬лоби мадании ҳақиқӣ кард гӯем, муболиғае нахоҳад шуд. Аз ман¬баъҳои таърихӣ маълум мешавад, ки дар ҳамон давр оиди ба коғази Самарқанд рӯбардор кардани кито¬бу маъхазҳое, ки дар китобхонаҳои дарбор ва шахсӣ маҳфуз буданд, фармон дода будаанд. Хулоса дар даври Темур ва темуриҳо ҳунарман¬дӣ дар Самарқанд ба қуллаи балан¬ди худ расида, ба тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи муносиб гузошт.
Мувофиқи маълу¬моти Архиви давлатии Самарқанд пеш аз истилои Россияи подшоҳӣ, яъне солҳои 1850 дар шаҳри Са¬марқанд 1262 тадбирко¬рони хонакор фаъолият пеш бурда, дар байни онҳо 681 бофанда, 200 зинсоз, 188 бӯрёбоф, 36 оҳангар, 34 зардӯз, 30 чармгар, 12 чӯянгудоз ва соҳибони ди¬гар ҳунарҳо будаанд. Маҳ¬сулоти онҳо на танҳо дар Самарқанд, балки дар хо¬риҷа низ бозоргир буд.Дар солҳои 30-юми асри гуза¬шта, бо сиёсати шӯроҳо, ки ба бу¬нёди корхонаҳои калон нигаронида шуд, ҳунармандӣ қариб ки аз байн рафт.
Баъди соҳибистиқлол шудани Ӯзбекистон ба ҳунармандӣ эътибо¬ри калон медиҳанд ва ҳунармандон мавқеи ҷаҳонии худро аз нав барқарор менамоянд

Марат ҶАМОЛОВ, дотсенти Донишкадаи тиббии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ