Варзиш

Ғалабаи деринтизори ҷамоаи футболи Ӯзбекистон

Дар варзишгоҳи “Пахтакор” – и шаҳри Тошканд дар доираи навбати 3-юми зинаи 2-юми интихоботи Чемпионати ҷаҳонии соли 2022 байни ҷамоаҳои яккачини миллии Ӯзбекистон ва Яман вохӯрӣ ба амал омад. Ба вохӯрӣ ҳаками суриягӣ Ҳанна Ҳаттаб доварӣ намуд. Бозингарони ӯзбекистонӣ бо сарпарастии сармураббӣ Вадим Абрамов бозии хуб нишон дода, ба дарвозаи рақиб 5 тӯби беҷавоб заданд. Ба тӯбҳо Санҷар Қодирқулов, Элдор Шомуродов, Ҷамшед Искандаров, Ислом Тӯхтахӯҷаев ва Игор Сергеев муаллифӣ намуданд.Ҷамшеди АСРОР
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ