Ӯзбекистон

Ўзбекистон бо Гренада робитаҳои дипломатикиро роҳандозӣ кард

Рӯзи 11-уми октябр дар сафорати Ӯзбекистон дар Маскав маросими имзокунии баёнияи муштараки Ӯзбекистон ва Гренада дар бораи роҳандозии равобити дипломатик баргузор шуд.Ботирҷон Асадов ва Олег Фирер сафирони Ӯзбекистон ва Гренада дар Русия ин баёнияро имзо карданд.Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.Дар мулоқоти баъди маросим баргузор шудаи сафирон масъалаҳои мавриди алоқаи ду кишвар баррасӣ шуд.Гренада дар қисмати ҷанубии ҷазираҳои Гренадина ва ҷазираи Гренада дар баҳри Кариб ҷойгир аст. Шаҳри Сент-Ҷорҷес пойтахти ин кишвар мебошад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ