Ӯзбекистон

62 нафар кӯдаки ӯзбекистониро аз Ховари Миёна ба ватан бозгардонданд

Ӯзбекистон дар чорчӯби амалиёти махсуси “Меҳр-2” 64 нафар кӯдаки ӯзбекистониро аз майдонҳои ҷанги Ховари Миёна ба ватан бозгардонд. Бо ҳавопаймои Boeing-757-23P, ки аз Бағдод парвоз кард, 39 нафар писару 25 нафар духтарак ба ватан бозгаштанд. Дар миёни кӯдакон синни 14 нафар аз 3 нагузаштааст, 2 нафарашон аз падару модар ҷудо шудаанд. Ӯзбекистон 30 майи соли ҷорӣ амалиёти “Меҳр”-ро анҷом дода ва 156 нафар шаҳрванди кишварро ба ватан бозгардонда буд.Гуфта мешавад, ки кӯдакони бозгашта дар марказҳои махсус ҷойгир мегарданд ва бо ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин, асноди ҳуввияти онҳо таҳия ва парваришу омӯзиши онҳо дар кӯдакистону мактабҳо низ роҳандозӣ мегардад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ