Ҷаҳон

Ҷоизаи Нобел барои сулҳу оромӣ ба нахуствазири Ҳабашистон тақдим шуд

Дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия ғолиби имсолаи ҷоизаи Нобел барои сулҳу оромиро муъайян карданд. Имсол Абӣ Аҳмад Алӣ, нахуствазири Ҳабашистон ба ин ҷоиза лоиқ дониста шуд.Дар сафҳаи Твиттери комиссияи мукофотдиҳии Нобел чунин гуфта мешавад, “Абӣ Аҳмад Алӣ, нахуствазири Ҳабашистон барои кӯшишҳои худ барои ҳалли моҷароҳои марзӣ бо Эритрея ин ҷоизаро дарёфт мекунад.Абӣ Аҳмад Алӣ аз соли 2018 нахуствазири Ҳабашистон аст. Ӯ дар таърихи кишвараш нахустин мусалмонест, ки раисҷумҳур шудааст. Ҳамчунин, вай нахустин ҷоизадори ҳабашистонии Нобел мебошад.Абӣ Аҳмад Алӣ дар 20 соли охир ягона раисҷумҳури Ҳабашистон буд, ки бо раҳбари Эритрея мулоқот кард. Нишасти ӯ ва Исайяса Афаверки рӯзҳои 8 ва 9 июли соли 2018 барпо шуда буд. Дар ин нишаст эъломияи сулҳу дӯстӣ дар миёни ду кишвар имзо шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ