Ӯзбекистон

Озодии сухан ва матб уот дар Ӯзбекистон
муҳокима карда шуд

Дирӯз дар Қасри форумҳои Самарқанд дар мавзӯи «Масъалаҳои озодии воситаҳои ахбори оммавӣ дар Ӯзбекистон» бо иштироки ва¬килони ваколатхонаҳои доимии мамлакатҳои иштирокчии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) семинар барпо гашт. Дар тадбир аввал маърӯзаҳои директори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президент Комил Алламҷонов дар мавзӯи «Аҳамияти фаъолияти Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ дар ри¬воҷи соҳаи ахбор дар Ӯзбекистон» ва ҷонишини директори агентӣ Саида Мирзиёева дар мавзӯи «Масъалаҳои таъминоти озодии сухан дар Ӯзбекистон» шунида шуданд.


Дар сӯҳбати гирди мизи му¬даввар ба меҳмонони хориҷӣ дар бораи корҳое, ки дар се соли охир дар соҳаи озодии сухан ва матбуот дар Ӯзбекистон амалӣ мегарданд, маълумот доданд. – Мутаассифона, журналистон солҳои тӯлонӣ бо баҳонаи «халқамон ба озодии сухан тайёр нест» ба сензура маҳкум буданд. Дар асл, чӣ хел озод ва ҷасур будани одамонамонро баромадҳои онҳо дар сессияҳои парламенти мамлакат, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта баргузор гардидаанд, тасдиқ мекунанд. – гуфт дар нутқи худ К.Алламҷонов. Ҳоло низ аз таъсири он журналистонамонро сензураи дохилӣ пурра тарк накардааст. Ин табиист, албатта. Чуноне ки ҳамаи му¬аммоҳоро якбора ҳал кардан мумкин нест, ин норасоӣ низ пайваста ислоҳ мешавад. Чунки ба туфайли иродаи сиёсии Президентамон му¬аммоҳои соҳа паси ҳам барҳам меё¬банд. Роҳбари давлат журналист ва блогерҳоро дастгирӣ мекунад, онҳоро ба навиштани мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилӣ даъват ме¬намояд. Ин талаби замон ва ис¬лоҳотҳост. Сипас, танзимгари лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон Джон Мак Грегор, намояндаи САҲА ва ваки¬лони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатамон фикру мулоҳи¬заҳои худро аз рӯйи ин масъала баён карданд. Дар анҷоми сӯҳбат ташкилотчиён маълум намуданд, ки барои дар соли 2020 дар мам¬лакатамон гузаронидани форуми байналхалқии «Озодии сухан дар Осиёи Марказӣ» тайёр ҳастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ