Ӯзбекистон

Ҳабиб Нурмагомедов: Рӯзи 23-юми ноябр ба Тошканд меравам

Ҳабиб Нурмагомедов, чемпиони ҷаҳони UFC рӯзи 23-юми ноябр ба Ӯзбекистон меояд. Ӯ дар ин бора дар сафҳаи инстаграми худ эълон кард.
Дар сафҳаи инстаграми ӯ чунин навишта шудааст, “Ассалому алайкум, Ӯзбекистон. Иншооллоҳ, рӯзи 23-юми ноябр дар мусобиқаи #GFC20 дар Тошканд ҳозир хоҳам шуд. Ба зудӣ дидор хоҳем кард, ба ҳама саломативу комёбӣ мехоҳам”.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-юми ноябр дар аренаи “Ҳумо”-и Тошканд мусобиқаи ММА баргузор мешавад. Чунин мусобиқа дар Ӯзбекистон қаблан барпо нашуда буд. Дар рақобати марказии шаби 23-юми ноябр Умар Нурмагомедов, амакписари Ҳабиб бо Амин Эргашеви ӯзбекистонӣ барои камари чемпионӣ рӯи ринг мераванд.

манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ