Асосӣ

Маҳаллаҳо обод мегарданд

Дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Қӯлбаи ноҳияи Самарқанд бо иштироки сармуҳаррир ва ходимони эҷодии рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ва аҳолии маҳалла аз рӯйи иҷрои фармону қарорҳои ҳукумат тадбири маънавию маърифатӣ ба амал омад. Дар тадбир нахуст Б.Раҳмонов ва депутати шӯрои намояндагони халқи ноҳия, раиси шӯъбаи ноҳиявии Ҳизби либерал – демократии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Умаров оиди ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тӯли моҳҳои охир аз ҷониби ҳукумат қабул гардиданд, роҳҳои барқароркунии муҳити иҷтимоию маънавӣ ва иқтисодӣ дар ҳудуд, ихтисор намудани хароҷот дар тӯй, тантанаҳои оилавӣ ва маърака, маросимҳои вобаста бо дафн ва дигар масъалаҳо сухан ронданд. Дар тадбир инчунин, мухбири ҷамоатии рӯзнома Толиб Юнусзода, раиси маҳалла Шавкат Низомов, фаъолони маҳалла Насруллохон Нарзуллоев, Умрузоқ Ҳасанов ва дигарон доир ба ободониҳои маҳалла, чун бунёди китобхона, муассисаи таълими томактабӣ, таъмири маҷлисгоҳ ва масҷиду чойхонаҳо, муаммоҳои кадастри хонаву ҷой, эътибор ба забони модарӣ, фоидаи аксияҳое, ки аз ҷониби рӯзнома гузаронида мешаванд, эътибор ба тарбияи ҷавонон, бо маслиҳат гузаронидани тӯю маъракаҳо ва ғайра ҳарф заданд.
Таъкид гардид, ки дар 1050 хонадони ин маҳалла 3477 нафар аҳолӣ аҳлона зиндагӣ доранд. Дар маҳалла бо маблағҳои ҳомиён корҳои ободонӣ ба амал меоянд.
Б.Раҳмонов ба раиси маҳалла чанд китобро аз китобхонаи “Овози Самарқанд” тӯҳфа намуд.
Ш.Низомов аз номи аҳолии маҳалла ба меҳмонон барои ташкили чунин тадбир миннатдорӣ баён кард.


Чунин тадбир дар маркази маҳаллаи ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Сулфакабудак низ баргузор гардид.
Нахуст сармутахассиси Шӯрои вилоятии мувофиқгардонии фаъолиятҳои мақомоти худидоранамоии шаҳрвандон Дилшод Исмоилов оиди мақсади гузаронидани тадбир, зарурияти мубориза зидди онҳое, ки дар тӯю маъракагузаронӣ урфу одатҳои нав ба нав мебароранд, дар ҳал намудани муаммоҳои маҳалла иштироки фаъоли аъзои шӯрои ҷамоатии маҳалла, тарғиби китобхонию рӯзномахонӣ дар байни аҳолӣ, фаъол будан дар ташкили обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва ғайра ҳарф зад.
Баъди ҳамин, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов оиди аҳамияти китобхонӣ дар ташаккули шахси комил, мазмуна моҳияти Қарори муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи туйгузаронию тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо”, ба роҳ мондани ҳамкории рӯзнома бо маҳалла, дар ҳалли муаммоҳои шаҳрвандон ёрирасон шудани таҳририяти рӯзнома ва ғайра гап зад.
Дар тадбир инчунин, ҷонишини раиси шӯрои ноҳиявии мувофиқгардонии фаъолияти худидоранамоии шаҳрвандон Дилором Асадова, мухбири ҷамоатии рӯзнома Толиб Юнусзода, раиси маҳалла Аброр Темуров, фаъолони маҳалла Фурқат Бузруков, Маъсуда Атоева, Ӯлмас Раҳимов оиди ободонии солҳои охири вилоят, аҳамияти китобу нашрияҳои даврӣ дар ташаккули маданияти шаҳрвандон, таърихи пайдоиши маҳалла, ба мардум фаҳмонда додани макрӯҳ будани исрофкорӣ дар тӯю маъракагузаронӣ ва ғайра изҳори ақида намуданд.
Ба ҳозирон шумораҳои охирини рӯзномаи “Овози Самарқанд” пешкаш карда шуд. Ба раиси маҳалла чанде китоб аз китобхонаи рӯзнома тақдим гардид.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ