Асосӣ

Шаффофияти фаъолияти мақомоти идораи ҳокимияти давлатӣ таъмин мегардад

Ҳоло дар Хонаи матбуоти вилоят дар мавзӯи “Асосҳои ташкилию ҳуқуқии сохтори миллии шаффофияти фаъолияти мақомоти идораи ҳокимияти давлатӣ” семинар гузаронида шуда истодааст.


Дар тадбир, ки бо ҳамкории Кумитаи масъалаҳои рушди инноватсионӣ, сиёсати ахбор ва технологияҳои ахбории Палатаи қонунофарии Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят ташкил гардид, вакилони садоратҳои ҳудудии кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, намояндагони хизмати ахбори мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ