Асосӣ

Эҳтиёт шавед, «яма»…

Шаҳри Самарқанд рӯз то рӯз зебо ва роҳҳо равону кӯчаҳо васеъ шуда истодаанд. Ҳамаи ин бо саъю кӯшиши роҳбарони давлат ва мутасаддиёни соҳа ба амал меояд. Мутаассифона, баъзе қисми кӯчаҳои калони мошингарди шаҳр аз беэътибории кормандони соҳа таъмирталаб шудаанд. Ҳангоми ҳаракати нақлиёт баъд аз ҳар 50-100 метр, аниқтараш дар масофаи як километр бо чанд чуқурӣ рӯ ба рӯ мешавед. Агар бо чаққонӣ роҳи аниқи худро ёфта нагузаред, чархи мошин ба чуқурӣ афтиданаш аз эҳтимол дур нест. Барои мисол, дар кӯчаҳои ка¬лони Гагарин, рӯ ба рӯи коллеҷи туризми Сартеппа, пеши «Траст банк», рӯ ба рӯи компанияи «Юсел», истгоҳи «Марҳабо», дар баъзе ҷойҳои кӯчаи Амир Темур, кӯчаи Даҳбед (назди ҳаммоми 3), паҳлӯи меҳмонхонаи «Диёра», кӯчаи И. Бухорӣ, қисми мо¬шингарди роҳ чӯкида, ба таъмир мӯҳтоҷ аст. Ба садамаи роҳу ноху¬шиҳо оварда расони¬данаш мумкин аст. Дар баъзе ҷойҳо нишонии роҳ монда шудааст, вале дар баъзе ҷойҳо на нишонии роҳ ҳаст, на нишондиҳандаи роҳ. Агар ин роҳҳоро таъмир накунанд, ҳаракати нақлиёт дар зери барфу борон чӣ тавр мешуда бошад? Хуб мешуд, ки кормандони соҳа ба ин камбудиҳо эътибори ҷиддӣ дода, аз рӯзҳои гарм фоида бурда, таъмирро сар кунанд то нақлиёти шаҳр бемуаммо ҳаракат намояд. Шояд корнамоии онҳо ба рӯзи шаҳри Самарқанд тӯҳфаи муносиб мешуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ