Асосӣ

Кормандони рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба маҳаллаи Шӯрбоӣ рафтанд. Чаро?

Имрӯз як гурӯҳ кормандони рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ва Шӯрои вилоятии Бунёди ҷамоатӣ-хайриявии “Маҳалла” ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шӯрбоии ноҳияи Самарқанд рафтанд.
Дар рафти тадбир, ки намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, собиқадорони меҳнат ва фаъолони маҳалла иштирок каранд, оиди мазмуну моҳияти як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки аз тарафи ҳукумат қабул гардиданд, аҳамияти онҳо дар рушди кишвар, беҳдошти рӯзгори мардум, ислоҳотҳои дар соҳаҳои гуногун амалигардида, пурзӯрсозии назорати ҷамоатӣ, мустаҳкамсозии ҳамкории байни матбуоту маҳалла ва бо ин роҳ бартараф кардани муаммову мушкилиҳои мардум сухан рафт.
Дар доираи вохӯрӣ як қатор фаъолон аз рӯйи муаммоҳои мавҷуди маҳалла ҳарф зада, таъкид намуданд, ки баъзе ташкилотҳои мутасаддӣ ба муроҷиатҳои онҳо беэътиборӣ зоҳир менамоянд.



– Яке аз муаммои асосии маҳалла симчӯбҳои кӯҳнашуда мебошанд, – гуфт омӯзгори собиқадор Хайринисо Саломова. – Дар хотир надорам, ки бори охир онҳоро кай иваз карда буданд. Ҳоло ҳама симчӯбҳо кӯҳна шудаанд ва ба назар чунин мерсад, ки ҳоло ҳозир аз болои сарамон чаппа мешавад. Агар камтар шамол бошад, фарзанду набераҳоямонро бо хавотир ба кӯча мефиристем. Метарсем, ки симчӯбе шикаста, аз болояшон наафтад.
Матни пурраи мақоларо метавонед дар шумораи навбатии рӯзнома мутолиа кунед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ