Иқтисод

Оиди нафақа ва миқдори пардохт ба таври онлайн маълумот гирифтан мумкин аст

Аз тарафи Маркази идоранамоии лоиҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукуматии электронии назди агентии миллии идоранамоии лоиҳа, интегратори ягонаи UZINFOCOM ва Хазинаи нафақаи берун аз буҷаи назди Вазорати Молияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон хизмати давлатии нави интерактивӣ, ки оиди нафақа маълумот медиҳад, ба кор дароварда шуд. Тавассути портали хизматҳои давлатии ягонаи интерактивӣ ба таври онлайн як қатор маълумотро дидан мумкин аст: миқдори нафақа (пенсия), санаи таъингардида, муддати пардохт, давомнокии собиқа (стаж)-и корӣ, намуди нафақа, миқдори пардохтҳо оиди муддати интихобгардида, инчунин, мумкин аст оиди собиқаи кории ҳисобкардашуда ва ҳисоб карда нашуда маълумот гиред. Шумо метавонед тамоми маълумотро дар тартиби вақти реалӣ бидуни хароҷоти иловагӣ дастрас намоед. Хизмати мазкур дар шӯъбаи “Таъминоти иҷтимоӣ”-и портали хизматҳои давлатии ягонаи интерактивӣ оварда шуда, барои шахсони ҷисмонӣ (ба нафақагирандагон) бепул тақдим карда мешавад. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ