Асосӣ

Рӯзи шаҳр ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт

Имрӯз шаҳри кӯҳан ва ҳамешаҷавони Самарқанд шукӯҳи идона дошт. Рӯзи шаҳри Самарқанд ба таври васеъ ва тантанавор таҷлил гардид.
Чун анъана субҳи содиқ вакилони ҳокимияти вилоят ва шаҳр, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ мақбараи Амир Темурро зиёрат намуданд. Ба хотири гузаштагон чанд сураи муқаддас аз Қуръон тиловат карда шуд.
Дар доираи чорабиниҳо дар кӯчаи Регистон, хиёбони Донишгоҳ, майдони Кӯксарой ва Боғи марказии истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳр аз тарафи ҷамоаҳои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, фаъолони Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва ҳунармандон намоишгоҳ, ярмарка ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда шудед.
– Мо як гурӯҳ донишҷӯён барои иштирок дар анҷумани байналхалқӣ, ки бо ташаббуси Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд гузаронида шуд, ба Самарқанд омадем, – гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино М. Саидзода. – Хушбахтона, ин ташрифи мо ба Рӯзи шаҳри Самарқанд рост омад. Имрӯз дар чорабиниҳои идона ширкат намуда, дарк кардем, ки омодагӣ ба ин иди бошукӯҳ дар сатҳи олӣ аст. Моро баромади як қатор хонандагони мактаб, ки образҳои деҳқон, шоир ва монанди инро дар шакли муҷассама офаридаанд, дар ҳайрат гузошт.
Ҳокими вилоят Э. Турдимов, вакилони ҷамоатчигии шаҳру ноҳияҳо аз намоишгоҳ ва ярмаркаи «Саховати табиат» дидан карданд ва аҳли шаҳрро бо ид табрик намуданд.
Дар муассисаҳои таълими умумии шаҳр дар мавзӯъҳои «Шаҳри азизам Самарқанд!» ва «Ман фарзанди Самарқанд» озмуни иншоҳо гузаронида шуда, хонандагони ғолиб бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Ғайр аз ин, дар ду Хонаи меҳрубонии шаҳр, хонаи «Саховат» барномаи консертии хайриявӣ ташкил карда шуд. Барои бачагон дар Театри лӯхтак ва Театри драмаи мусиқии вилоят спектаклҳои «Ситораи Улуғбек» ва «Мирзо Улуғбек»-ро ба намоиш гузоштанд.
Дар Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд намоиши расмҳои «Са¬марқанд: дирӯз ва имрӯз» ва дар осорхонаҳои вилоят саёҳати бепул ташкил гардид. Меҳмононе, ки ба музей ташриф оварданд, бо корҳои бунёдкорӣ дар Самарқанд аз наздик шинос шуданд.
Инчунин, дар доираи чорабиниҳо бо ташаббуси Шӯрои вилоятии Ҳизби экологии Ӯзбекистон зери шиори «Мо барои оянда масъулем!» марафони байналхалқии экологӣ гузаронида шуд. Дар он беш аз 1000 нафар ишти¬рокдор аз пеши муҷассамаи Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримов тавассути кӯчаи Регистон, хиёбони Донишгоҳ давиданд ва дар пеши Театри драмаи мусиқии вилоят ҷамъ омаданд. Ғолибони ма¬рафон мукофотонида шуданд.
– Гузаронидани чунин марафонҳо баробари беҳдошти саломатии инсон, дар дили онҳо нисбати ҳифзи табиат масъулиятро бедор мекунад, – гуфт ғолиби марафон Алишер Сафарови пастдарғамӣ. – Мақсад аз ташкили ин чорабиниҳо, пеш аз ҳама ҳифзи муҳити атроф, тоза нигоҳ доштани эколо¬гияи шаҳр аст. Мо бояд дар ин масъала саҳлнигорӣ накунем, чунки шаҳри мо шаҳри сайёҳист ва ба он аз гӯшаву канори ҷаҳон меҳмонон меоянд.
Ғайр аз ин, дар муассисаҳои варзишӣ таҳти шиори «Варзиш – шуҷоат ва нафосати ҷавонӣ» дар намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйимизӣ, шиноварӣ, шоҳмот ва гимнастикаи бадеии варзиш мусобиқаҳои вилоятӣ гузаронида шуданд.


Давоми рӯз дар кӯчаи Ислом Каримов, пеши Театри драмаи мусиқии вилоят, Боғи истироҳатии «Ёшлик»-и шаҳр, шаҳракҳои Фарҳод, Сўлим ва Кимёгарон барномаҳои консертӣ пешкаши мардуми маҳаллӣ ва меҳмо¬нони хориҷӣ гардид.
Якҷоя бо ин, дар амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳр бо иштироки санъ¬аткорони хушхони ҷумҳурӣ ва вилоят консерти идона гузаронида шуд. Ниҳоят, шоми ботаровати шаҳри муқаддас ва муаззами Самарқандро салютҳои идона мунаввар сохтанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ