Асосӣ

Тартиби санҷидани ҳисобкунакҳои барқ (электросчётчик) чӣ гуна аст?


БАРОИ САНҶИДАН(ЛАБОРАТОРИЯ)-И ҲИСОБКУНАК БА КУҶО БОЯД МУРОҶИАТ КАРД?

Шахсони ҷисмонӣ ё юридикӣ ба Маркази хизматҳои давлатӣ (МХД) мустақиман ё тавас¬сути портали ягонаи интерактивии хизматҳои давлатӣ (ПЯИХД) ба сурати электронӣ муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳол корхонаи шабакаҳои ҳудудии барқрасонӣ (КҲШБ) барои озмоиши ҳисобкуна¬ки масрафкунандагони маишӣ ба МХД ё ПЯИХД муроҷиат мекунад.
ҲИСОБКУНАКҲО АЗ ТАРАФИ КӢ САНҶИДА МЕШАВАД?

Корхонаи шабакаҳои ҳудудии барқрасонӣ бар¬гирифтан, ба озмоиш супурдан ва дубора насб кардани ҳисобкунакҳоро анҷом медиҳад.
Дар ин ҷараёнҳо шӯъбаҳои ҳудудии Бюрои иҷрои ҳатмӣ (БИҲ) бо КҲШБ ҳамкорӣ мекунанд, ба ҳисобкунакҳо тамға (пломба) мезананд.
МУДДАТИ САНҶИШИ ҲИСОБКУНАКҲО ТАҒЙИР НАЁФТ?

Аз 1-уми ноябри соли 2019 оғоз намуда, муҳла¬ти озмоиши ҳисобкунакҳо барои шахсони ҷисмонӣ 8 сол (ҳоло 4 сол), барои шахсҳои юридикӣ 4 сол (ҳоло 2 сол) мешавад.
БАРОИ СЕРТИФИКАТҲОИ ОЗМОИШӢ, КИ МУҲЛАТАШОН ТО 1-УМИ НОЯБР АСТ, ЧӢ ХЕЛ ТАРТИБ МУАЙЯН ШУД?

Ин сертификатҳо то анҷом ёфтани муҳлаташон дар амал мебошанд.
ЧӢ ТАВР РАСИДАНИ МУД ДАТИ ОЗМОИШИ ҲИСОБКУНАКРО МЕФАҲМЕМ?

Дар сертификати озмоишии ҳисобкунак муҳла¬ти амали он сабт мегардад. Илова бар ин, КҲШБ 30 рӯз қабл аз ба поён расидани муддати сертификат ба сурати хаттӣ огоҳ мекунад.
ПАРДОХТИ ОЗМОИШ ЧАНД П УЛ АСТ?

• барои шахсони ҷисмонӣ 20 фоизи миқдори ҳисобкунии базавӣ (44 600 сўм);
• барои КҲШБ (барои масрафкунандагони маи¬шии нерӯи барқ) 15 фоизи миқдори ҳисобкунии базавӣ (33 450 сӯм);
• барои шахсони юридикӣ 1,5 баробари миқ¬дори ҳисобкунии базавӣ (334 500 сўм).
Ёдоварӣ: дар сурати муроҷиат тавассути пор¬тали ягонаи интерактивии хизматҳои давлатӣ 90 фоизи суммаи зикршуда пардохт мегардад.
ПУЛИ ОЗМОИШИ ҲИСОБКУНАКҲО БА КУҶО ПАРДОХТ МЕШАВАД?

Дар сурати муроҷиат ба МХД ба кассаи марказ, дар сурати муроҷиат тавассути портали ягонаи интерактивии хизматҳои давлатӣ аз тариқи ҳамин портал пардохт мегардад.
МУДДАТИ ОЗМОИШИ ҲИСОБКУНАКҲО ЧАНД РӮЗ АСТ?

Озмоиш дар 3 марҳила анҷом меёбад:
• марҳилаи 1 – баъди муроҷиат (ариза) дар муд¬дати 5 рӯзи корӣ ҳисобкунак баргирифта мешавад;
• марҳилаи 2 – хадамоти метрология дар муд¬дати 3 рӯзи корӣ озмоиши ҳисобкунакро анҷом медиҳад;
• марҳилаи 3 – ҳисобкунак баъди озмоиш дар муддати 3 рӯзи корӣ насб мегардад.
ДАР САНҶИШ ВАЙРОНИИ ҲИСОБКУНАК МУАЙЯН ГАРДАД, ЧӢ МЕШАВАД?

КҲШБ бар асоси хабарномаи хадамоти метрология дар бораи вайрон будани ҳисобкунак дар муддати 3 рӯз онро таъмир ё бо наваш иваз мекунад.
Пардохти таъмир ё иваз кардани ҳисобкунак бар ӯҳдаи КҲШБ аст.
ДАР МУДДАТЕ, КИ ҲИСОБКУНАК БАРОИ ОЗМОИШ БАРГИРИФТА МЕШАВАД, ИСТИФОДАИ БАРҚ ЧӢ ГУНА ҲИСОБ КАРДА МЕШАВАД?

Бар асоси ҳисоби се моҳи охири барқ аз сӯи ҳисобкунак ҳаҷми пардохт муайян мегардад.
ОЁ ДАР БОРАИ ОЗМОИШ ШУДАНИ ҲИСОБКУНАК САНАДЕ ДОДА МЕШАВАД?

Хадамоти метрология дар бораи озмоиш шудани ҳисобкунак сертификат медиҳад.


Таҳияи Умед ФАРҲОДЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ