Асосӣ

Панҷ байти тозаи устод Рӯдакӣ

Дареғу афсӯс, ки аз 1 миллиону 300 ҳазор мисраъ, ба ривояти дигаре аз 700 ҳазор мисраъ, ба ривояте аз 300 ҳазор байт ва ё ҳатто аз 100 ҳазор байти устод Рӯдакӣ имрӯз беш аз 1000 байт расидаву бас. Ва ин аст, ки чун аз миёни сафҳаҳои китобе донишмандон қитъае ё байтеро аз устод пайдо мекунанд, табиист, ки боиси хурсандии ҳазорон ҳазор ҳаводори шеъри форсӣ дар саросари густараи бузурги забони форсӣ мешавад. Инак, донишмандони эронӣ Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ ва Саҷҷоди Деҳқон устод ва устодёрони забону адабиёти форсии До¬нишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз луғатномае се байти тозаи устод Рӯдакиро пайдо ва онро зимни мақолае ба таваҷҷӯҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони адаб пешкаш намудаанд. Мақолаи онҳо ба номи «Баррасии абёти тоза ва мансуб ба Рӯдакии Самарқандӣ дар фарҳанги «Луғати Ҳалимӣ» (Шарҳи «Баҳр-ул-ғароиб») дар маҷаллаи «Матншиносии адаби форсӣ» (1397, шумораи 4 (40) чоп шудааст. Бояд гуфт фарҳанги «Луғати Ҳалимӣ» фарҳанги дузабонаи форсӣ ба туркӣ буда, дар ҳудуди асри IX ҳиҷрии қамарӣ (XV мелодӣ) ба риштаи таҳрир даромадааст. Муаллиф вожаҳои форсиро ба забони туркӣ шарҳ дода, баъд ашъори шоирони форсизабонро ба шоҳид овардааст. Дар ин луғат (чунонки дар фарҳангҳои форсии дигар низ) ашъори Рӯдакӣ фаровон истифода шудааст. Зимнан, бояд таъкид кард, ки ин фарҳанг низ аз маъхазҳои устод Саиди Нафисӣ будааст, вале зоҳиран эшон аз нусхаи ноқисе аз ин луғат истифода бурдаанд, чун се байти тозаеро, ки танҳо дар ин луғат дида мешавад, дар китоби хеш наёвардаанд. Муаллифони мақола, ду нусхаи ин луғатро, ки дар китобхонаи миллии Эрон ва китобхонаи Маҷлис нигаҳдорӣ мешавад, ҳамчунин фарҳанги Шуъуриро, ки низ фарҳанги туркӣ ба форсӣ буда, аз фарҳанги «Луғати Ҳалимӣ» таъсир гирифтааст, баррасӣ кардаанд. Инак се байти навёфтаи Рӯдакӣ, ки дар ин фарҳангҳо омадааст ва дар ҳеҷ маъхази дигаре дида намешавад: Мар маро дар банди ғам созад асир, Чун зи пича бозгирад пичабанд. Лозим ба таъкид аст, ки дар асли фарҳанг вожаҳои «пича» ва «пи¬чабанд» ба гунаи «пунҷа» ва «пунҷабанд» омада, ва «пунҷа» ба маънии «пешонӣ» шарҳ шудааст ва муаллифони мақола бо барқарор кардани асли ин калимаҳо онро дар шакли дуруст сабт кардаанд. Азбаски «пича» ва «пичабанд» калимаҳои хоси форсии мовароуннаҳрӣ будаанд (ки ба яке аз маъноҳояш имрӯз низ дар миёни тоҷикон маъмул аст) бештари фарҳангҳои форсӣ ин калимаҳоро ба шаклҳои ғалати «пунҷа» ё «пунча» овардаанд. Байти дуввум дар нусхаи Маҷлис ба сурати Нахусб, кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар, Зи пеши он ки кунад марг умри ту сипарӣ. омада, вале дар нусхаи Китобхонаи миллӣ мисраи аввал дар шакли «Махусбу кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар» омада, ки низ боиси таам¬мул аст. Ва муаллифони мақола мегӯянд, шояд калимаи аввали байт «нахуст» бошад, ки ба фикри мо чунин нест ва ҳамон «нахусб»-у «махусб» афзалтар менамояд. Байти сеюм, ки калимаи «навард» ба маънои «дархуранда» (сазовор, писандида) омада, ин аст: Хоҷа аз меҳтарон наварди ман аст, Ҳамчунон шеъри ман ба дил-ш навард. Ҳамчунин дар ин луғат байтҳое ҳастанд, ки дар фарҳангҳои дигар ба шоирони дигар мансубанд ва дар ин ҷо ба номи Рӯдакӣ сабт шудаанд ва низ байтҳое мавҷуданд, ки дар соири фарҳангҳо ба номи Рӯдакӣ омада, дар ин луғат ба номи шоирони дигар зикр шудаанд. Ғайр аз ин, аз тарафи донишмандони эронӣ, устодони Донишгоҳи Аҳвоз Насруллоҳ Имомӣ, Мижгон Шермуҳаммадӣ ва Саҷҷод Деҳқон дар шумораи 2, поизи 1397 маҷаллаи шеърпажӯҳии «Бӯстони адаб» –и Донишгоҳи Шероз мақолаи «Баррасии абёте навёфта аз Рӯдакӣ дар фарҳанги ношинохта» нашр гардид. Дар мақола оварда мешавад, ки дар китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон ва китобхонаи миллии Эрон ду нусха аз як фарҳанги ношинохтаи тафсирии забони форсӣ, ки муаллиф ва соли таълифаш маълум нест, нигоҳдорӣ мешавад. Муаллифони мақола бар асоси баъзе манбаъҳо замони таълифи ин фарҳангро дар асрҳои VIII-IX ҳиҷрӣ (XIV-XV мелодӣ) донистаанд. Дар ин фарҳанги ношинохта, ки то кунун чоп ва таҳқиқ нашуда буд, байт ба номи Рӯдакӣ омада, ки то кунун номаълум буданд. Хамчунин ду байти дигар, ки маъхазҳои дигар ба шо¬ирони дигар нисбат додаанд, дар ин фарҳанг ба номи Рӯдакӣ омадааст. Байти аввал: Зи гурми ҳаҷр дилам гарм гашту аз сардӣ, Ба сӯйи коми висолаш намезанам гоме. Байти дувум: Чашми ман борад сиришки ҳамчу ҳин, Аз сари дунёву дин бархез, ҳин! Дар бораи байти аввал муаллифони мақола овардаанд: «Ҳарчанд ин байти мансуб ба Рӯдакӣ танҳо дар ин фарҳанг дида шуда, ин интисоб мавриди тардид аст. Агар вожаи «гурм» саҳеҳ бошад, «гурм» ва «гарм» ҷиноси хаттӣ ва «ком»-у «гом» ҷиноси музореъ доранд; ҳамчунин «ҳаҷр»-у «висол» ва «гарм»-у «сард» баёнгари санъати тазод дар ин байт ҳастанд ва риояти ин навъ ҷинос ва саноеъи адабӣ дар сабки Рӯдакӣ ва замони ӯ чандон роиҷ нест». Дар мавриди таҷнис гуфтаи муаллифон дуруст аст, ва аммо, дар мавриди санъати тазод иштибоҳ мекунанд. Баръакс тазод аз муҳимтарин вежагиҳои шеъри Рӯдакӣ аст… Чанд намунаи зайл, муште аз харвор аст: Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст, Шодии ӯ ба ҷойи темор аст… Кардиши ӯ на хубу чеҳраш хуб, Зишткирдору хубдидор аст. Некбахт он касе, ки доду бихӯрд, Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод. Аз ин мисолҳо фаровон метавон овард, аммо бо ҳамин иктифо мекунем. Бо ин ҳол, ман ҳам ба сурудаи Рӯдакӣ будани байти аввал шак дорам, чун шеваи баёнаш ба баёни Рӯдакӣ намемонад. Байти дуввум дар вазни «Калила ва Димна» ва «Синбоднома» аст ва дар он «ҳин»-и аввал сел ва «ҳин»-и дуввум «шитоб кун», «зуд бош» аст. Ин ду вожаро Дақиқӣ низ дар байте истифода кардааст: Аз кӯҳсор дӯш ба ранги май, Ҳин омад, ай нигор, май овар, ҳин. Ва низ дар фарҳанги ношинохта, байти зайл ба номи Рӯдакӣ омада: Остин аз барои ранҷи дилам, То ба оринҷ баркашӣ ҳар дам. Ин байт дар «Фарҳанги Шуурӣ» бо андаке тафовут ба номи Асадӣ ома¬дааст: (ба ҷойи «мекашӣ» «мезанӣ» дорад). Сабки шеър ва мазмун бештар ба навиштаи Рӯдакӣ будани байт далолат мекунад. Ҳамчунин фарҳанги ношинохта ҳадди ақал як аср қабл аз «Фарҳанги Шуурӣ» таълиф шудааст. Байти дигар, ки дар фарҳанги ношинохта ба номи Рӯдакӣ омада, ин аст:Ишқи ӯ анкабутро монад, Битанидаст тафта гирди дилам. Аммо ин байт дар фарҳангҳои мӯътабар ба номи Шаҳид омада ва ба эҳтимоли зиёд аз ӯст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ