Асосӣ

Мақсад: ошкоро ва шаффоф гузаронидани интихобот

Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилоят бо иштироки ҷонишини аввали директори Донишкадаи тадқиқотҳои стратегӣ ва байналмилалии назди Прези¬денти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Акрам Неъматов ва беш аз 60 нафар роҳбарони корхона, ташкилот ва дигар мутасадди¬ён ҷамъомад ба амал омад. Дар он корҳои дар қонунгузории ин¬тихобот амалигардида аз рӯйи ба тарзи нав ташкил намудани интихоботи де¬путатҳои Шӯрои Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олӣ ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ муҳокима гардид. А. Неъматов оиди тибқи қоидаҳои конститутсионӣ ва меъёрҳои байнал¬халқии гузарондани интихобот, дар пояи тамоилҳои демократӣ, бо рӯҳи нав ташкили он, ба интихобот таклиф шудани беш аз садҳо нафар назорат¬чиёни хориҷӣ, аз ҷониби журналисту блогерҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ ба таври васеъ инъикос намудани ҷараёни ин¬тихобот, то ба итмом расидани ҷараёни муҳими сиёсӣ ба мамлакат ташриф овардани меҳмонҳо аз ташкилотҳои бо¬нуфузи ҷаҳонӣ, мисли СММ, СҲШ, ИДМ, ташкили шабакаи махсуси мессенҷерии Телеграмм-бот ва ғайра ҳарф зад. Таъкид гардид, ки соли равон ин¬тихобот бори аввал дар пояи Кодек¬си нави интихоботи Ҷумҳурияти Ӯз¬бекистон мегузарад. Дар ин тадбири сиёсӣ аз 49 давлати хориҷӣ 314 нафар мушоҳид меояд. Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва комиссияҳои интихоботии ҳудудӣ дар ҷараёни тайёрӣ ва баргузории ин¬тихобот кори худро дар пояи тамоилҳои рӯшодӣ, ошкорбаёнӣ ва шаффофият ташкил мекунанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ