Асосӣ

Дар Самарқанд Конфронси осиёии клуби Валдай баргузор мешавад

Рӯзҳои 10-11-уми ноябри соли ҷорӣ дар Самарқанд Конфронси ҳамасолаи осиёии Бошгоҳи байналмилалии мубоҳисаи “Валдай” баргузор мешавад. Дар ин бора хабаргузории ӮзТАГ хабар медиҳад.Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, ин конфронс имсол 10-умин бор барпо мегардад.Мавзӯъи конфронс – “Осиёи Марказӣ ва Авруосиё: ҳамкории бисёрҷониба дар рӯбарӯи таҳдидоти бетартибии ҷаҳонӣ” буда, ширкаткунандагон бо таҳлили назари пешвоёни минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ғояҳои худро дар бора пешниҳод мекунанд.Дар конфронс беш аз 70 тан коршинос аз 11 кишвар, аз ҷумла, аз Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Олмон, Филиппин, Япония ва Шветсия ширкат мекунанд. манбаъ: хабаргузории ТоҷикТА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ