Асосӣ

Эркинҷон Турдимов: Давраи пинҳон кардани камбудиҳо гузашт. Бояд ҳар як муаммо ва мушкилӣ ошкоро баён карда шавад

Имрӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ҳокими вилоят Э.Турдимов, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва блогерҳо оиди корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон анҷумани матбуотӣ гузаронида шуд.
Нахуст ҳокими вилоят Э.Турдимов бо шароитҳои кории кормандони рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» шинос шуда, аз музейи таърихи матбуот дидан кард.
Сипас, дар толори ҷамъомади Хонаи матбуот анҷуман барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки барои ба мавсими тирамоҳу зимистон омода кардани 1236 мактаби таълими умумии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ беш аз 42 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Аз тарафи ҳокимияти вилоят гурӯҳи кории махсус ташкил гардида, тӯли як ҳафта ҳолати омодагии мактабҳои ҳамагонии шаҳру ноҳияҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон омӯхта шуд. Мувофиқи натиҷаҳои омӯзиш аён гардид, аксари мактабҳои Пастдарғам, Оқдарё, Ургут ва дигар ноҳияҳо то ҳол ба мавсми омода нестанд. Аз ҷумла, дар мактаби таълими умумии рақами 18-и шаҳри Самарқанд толори варзишӣ ва китобхона ба сохтори гармидиҳӣ пайваст карда нашудааст. Дар мактаби ҳамагонии рақами 71-и шаҳр низ омодагӣ ба мавсим хуб нест. – Ҳоло аксари сарварони мактабҳо муаммо ва мушкилӣ, камбудиҳои мактаби худро пинҳон мекунанд, – гуфт ҳокими вилоят Э.Турдимов. – Аммо давраи пинҳон кардани камбудиҳо гузашт. Замон дигар шуд. Бояд ҳар як муаммо ва мушкилӣ ошкоро баён карда шавад. Аз гуфтани муаммоҳо набояд ҳаросем. Сарварони мактабҳо камбудиҳоро агар аз дасташон биояд, худашон ҳал кунанд. Агар иҷрои он бо маблағ вобаста бошад, ба ҳокимияти вилоят, Садорати таълими халқи вилоят ва дигар ташкилотҳои мутасаддӣ бояд муроҷиат кунанд. Дар анҷом рӯзноманигорон ва блогерҳо ба як қатор саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ