Асосӣ

Марафони байналхалқии хайриявӣ дар савияи баланд гузашта истодааст

Имрӯз дар шаҳри Самарқанд бори нахуст марафони I байналхалқии хайриявии “Samarkand Half Marathon” баргузор гардид. Дар марафон ҷонишини сарвазир Азиз Абдуҳакимов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва варзишгарони 23 мамлакат зиёда аз 1100 нафар варзишгарон иштирок карданд

Марафон дар се тур шуда гузашт. Давидан ба масофаи 21 км, 10км ва 2км. Аз рӯи масофаи 21 км давидан ба варзишгарони Ӯзбекистон насиб гардид. Ҷои якум Шохрух Давлетов, ҷои дуввум Андрей Петров ва ҷои саввумро Бегзод Сафаров.

Аз рӯи 10 км бошад варзишгари Ҷумҳурии Қозоқистон Иванчуков Дмитрий аввалин шуда омад. Ба ҷои дуввум варзишгари Ӯзбекистон Евгений Фадеев соҳиб шуд ва ба ҷои саввум низ спортчии қозоқистонӣ Михаил Красилов соҳиб гардид.

Аз рӯи масофаи 2 км бошад аввал Хуршед Абдумаҷидов, дуввум Хумоюн Махмудов ва саввум Мухсин Абдулатифҳо ба масофа расида омаданд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ