Асосӣ

Чаро объекти мероси фарҳангӣ беэътибор мондааст?

Маҳаллаи «Мӯлиён 2»-и шаҳри Самарқанд яке аз манзилҳои қадимӣ мебошад, ки дар ҳудуди таърихии шаҳр ва рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ҷойгир шудааст. Яке аз манзилҳои таърихии маҳалла масҷиди «Мӯлиён» ба шумор меравад. Масҷид дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX сохта шуда¬аст. Назар ба маълумоти Инспексияи давлатии байниминтақавии Сарсадорати илмӣ-истеҳсолии муҳофи¬зати объектҳои мероси фарҳангӣ ва истифодаи онҳо дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах масҷиди «Мӯлиён» бо қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят (таҳти рақами 585/25) аз санаи 15- уми декабри соли 1983 чун объекти мероси фарҳангӣ ба рӯйхати давлатӣ гирифта шудааст.
Афсӯс, ки имрӯз аҳволи ин масҷид бениҳоят табоҳ аст. Валангор гашта¬аст. Ва ин ҳол аҳли маҳалларо ба ташвиш меорад.
Ҳавлии он на ба саҳни масҷид, балки ба партовхона бештар шабоҳат дорад. – Вақте ки кӯдак будем, ин масҷид обод буд, – мегӯяд фаъоли маҳаллаи «Мӯлиён 2» Фазлиддин Аслиддинов. – Дар саҳни он ҳавзи калоне буд, ки мардум аз он об менӯшиданд. Ин¬чунин, таҳоратхона низ фаъолият дошт. Мардуми се маҳаллаи атроф ҷамъ омада, намоз мехонданд. Маъ¬ракаҳои мотамро мегузаронданд. Имрӯз агар дар маҳалла нафаре ва¬фот кунад, барои ҷанозаи марҳумро хондан ҷойи аниқ нест. Мардум дар сари кӯча ҷамъ меоянд. Ҷамъша¬вии одамон барои ҳаракати нақлиёт монеа пайдо мекунад. Тирбандӣ ба вуҷуд меояд. – Дертар ин манзил моликияти шахсӣ карда шуд, – илова кард со¬кини маҳалла Саид Қодиров. – Ак¬бар Хоҷақулов ном марди соҳибкор, ки аслан зодаи ноҳияи Ургут аст, масҷидро вайрон карда, дар ҷойи он коргоҳи дӯзандагӣ ва айвон сохт. Ин коргоҳ муддате кор карду бо ҳа¬мин фаъолияташ қатъ гардид. Инак қариб бист сол мешавад, ки бинои қадимии масҷиди «Мӯлиён» ба пар¬товгоҳ табдил ёфтааст. Бандае нест, ки аз он хабар гирад. Тоза кунем гӯем, дар дарвоза қулф овезон. Саволи барҳақ ба миён меояд: оё объекти мероси фарҳангиро моли¬кияти хусусӣ намудан мумкин аст? Дар моддаи 23-юми қонун «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси фарҳангӣ» ва моддаи 4-уми қонун «Дар бораи аз тасарруфи дав¬лат баровардан ва хусусигардонӣ» оварда мешавад, ки объекти мероси фарҳангӣ аз тасарруфи давлат ба-роварда ва хусусӣ гардонида намешавад. Ғайр аз ин, ҳар гуна корҳои бинокорӣ, барқарорсозӣ, таъмирӣ ва ободнамоӣ, ки дар объекти мероси фарҳангӣ ва ҳудуди он амалӣ мегар¬данд, танҳо дар асоси рухсати Депар¬таменти мероси фарҳангӣ бояд иҷро карда шаванд. – Мо ҳайронем, ки шаҳрванд А. Хоҷақулов чӣ тавр масҷидро мо¬ликияти хусусӣ кард? – гуфт фаъо¬ли маҳалла Фазлиддин Раҳматул¬лоев. – Ӯ ба мо якчанд ҳуҷҷатро пешниҳод намуд. Мо ба ҳақиқӣ буда¬ни онҳо шубҳа дорем. Аз рӯйи омӯх¬тани ҳуҷҷатҳо, баррасии ин мушкилӣ ва ба ҳисоби маҳалла баргардонда додани масҷиди таърихӣ ба як қатор ташкилотҳо, аз ҷумла прокуратураи вилоят, ҳокимияти шаҳр, корхонаи давлатии кадастри идоракунии за¬мин ва амволи ғайриманқул муроҷи¬ат кардем. Афсӯс, ки ягон ташкилот ба мо ёрии амалӣ нарасонд. Мо танҳо мехоҳем, ҳудуди масҷидро обод ку¬нем. Онро таъмир намоем. Ҳолати қадимии масҷидро барқарор созем. То кай он хароба меистад? Меҳмоне аз хориҷа омада, ин аҳволи масҷи¬ди таърихии «Мӯлиён»-ро бинад, чӣ гуна фикр мекунад. Ғайр аз ин, дар маҳалла таъзия шавад, мардум наме-донанд, ки маъракаи ҷанозаро дар куҷо гузаронанд. Агар масҷидро аз нав обод кунем, барои ҷанозахонӣ ҷойи муносиб мешуд. Дар моддаи 26-уми қонун «Дар бо¬раи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси фарҳангӣ» оварда мешавад, ки ҳуқуқи моликият ба объекти ме¬роси фарҳангӣ тибқи қонунгузорӣ бекор карда мешавад. Объекти меро¬си фарҳангии моддӣ, ки моликияти хусусӣ аст, тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ аз молик гирифта мешавад.
Ғайр аз ин, дар моддаи 190-уми Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон низ зикр гардидааст, ки агар мулкдор ба объекти мероси фарҳангии моддии худ муносибати бепарвоёна кунад, онро ҳифз нана¬мояд, мақомоти мутасаддии соҳа, ки бобати ҳифзи объектҳои мероси фарҳангӣ ва истифодаи онҳо кор мебаранд, ӯҳдадоранд, мулкдор¬ро огоҳ намоянд. Агар соҳибмулк ба ин талабот мувофиқат накунад, суд метавонад бо даъвои мақомоти дахлдор қарор дар бораи бозгириф¬тани мероси фарҳангии моддӣ қабул кунад ва молу мулк ба моликияти давлатӣ гузаронида шавад. Арзиши объекти мероси фарҳангии моддӣ ба молик ба андозаи муқаррарна¬мудаи шартнома, дар ҳолати ба миён омадани низоъ бошад, ба миқдоре, ки суд муқаррар мекунад, пардохта мешавад.
Дар ҳолатҳои фавқулодда, даъ¬вои мусодираи мероси фарҳангии моддӣ метавонад бе огоҳии пешакӣ пешниҳод карда шавад.
Агар дар қонунгузорӣ чунин овар¬да шудааст, пас чаро мутасаддиён, ки бевосита ба ҳифзи объектҳои мероси фарҳангӣ масъуланд, ба ин ҳол му¬носибати бепарвоёна доранд? Чаро объекти мероси фарҳангӣ имрӯзҳо беэътибор мондааст? Дар ҳоле, ки дар мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва масъалаи бегазанд нигоҳ доштани масканҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор до¬рад, чунин бепарвоии мутасаддиёнро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст? Фаридуни ФАРҲОДЗОД, Ситора РАҲМОНБЕРДИЕВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ