Иқтисод

Даромади будҷаи давлатии Ӯзбекистон 1,5 баробар афзоиш ёфт

Ҳукумати Ӯзбекиистон ба Олий Мажлис дар бораи раванди амалисозии барномаи давлатии “Соли сармоягузориҳои фаъол ва рушди иҷтимоъӣ” ҳисобот дод.Бар асоси ин ҳисобот, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 тавлидоти нохолиси дохилӣ (ВВП) бахши саноъат 7 дарсад, бахши хидматрасонӣ 12,7 дарсад, кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳипарварӣ 2,4 дарсад рушд кард.Дар ин давр дарнатиҷаи эҷоди шароити хуб барои сармоягузорӣ ҳаҷми кулли ҷазби сармоягузорӣ 46 дарсад ва корҳои сохтусозӣ 19,3 дарсад рушд дошт.Дар 9 моҳи сол даромади будҷаи давлатии Ӯзбекистон 79,2 триллион сӯм буд, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 1,5 баробар афзоишро нишон медиҳад. Сарфу харҷи будҷаи давлатӣ дар ин муддат 86,5 триллион сӯм буд, ки 53,2 дарсади он барои пуштибонӣ аз бахши иҷтимоъӣ равона шудаааст.Манбаъ: Регнум Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ