Иқтисод

Корпартоии мардум ба иқтисоди Боливия дар 14 рӯз $167 миллион зарар расонд

Иқтисоди Боливия дар пайи корпартоии 14-рӯзаи мардум бар зидди дубора раисҷумҳур интихоб шудани Эво Моралес 167 миллион доллар зарар дид.Дар ин бора Луис Арсе, вазири иқтисоди Боливия дар мусоҳибаи радиоии Red Patria Nueva эълон кард.Вазири иқтисоди Боливия гуфт, “Мо … ҳисоб кардем, дар ин 14 рӯз кишвар 167 миллион долларро аз даст дод”.Ба гуфтаи Арсе, корпартоӣ бештар ба соҳаҳои ҳамлу нақл ва тиҷории кишвар, ҳамчунин, хадамоти давлатӣ таъсиргузор буд. Ин соҳаҳо ба ҳисоби миёнгин рӯзе 12 миллион доллар зарар диданд. Ӯ афзуд, ки дар сурати басташавии муассисаҳои давлатӣ ва марзи кишвар зарари молиявӣ танҳо рӯ ба афзоиш хоҳад овард.Манбаъ: Регнум Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ