Ҷаҳон

Эрон сентрифугҳои маркази ядроии Фордоро ба кор андохт

Эрон дар маркази ядроии Фордо ғанисозии уранро ба роҳ андохт ва бо ин чорумин марҳилаи коҳиш додани масъулияти тавофуқномаи атомии худро амалӣ кард.Дар ин бора хабаргузории IRNA хабар дод.Бар асоси додаҳои хабарнигорон, дар ҳузури коршиносони Созмони байналмилалии энергияи атомӣ газрасонӣ ба сентрифугҳо оғоз шуд.Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо фармоиши Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон иҷро гардид. Рӯҳонӣ рӯзи 5-уми ноябр гуфтааст, ки дар сурати шарикҳои тавофуқномаи атомӣ иҷрои маҷбуриятҳои худро оғоз мекунанд, кори маркази ядроии Фордо таваққуф хоҳад ёфт.Ёдовар мешавем, ки баъди хурӯҷ аз тавофуқномаи атомӣ ва таҳримҳои нави ИМА Ҳасан Рӯҳонӣ эълон кард, ки Эрон марҳила ба марҳила маҷбуриятҳои худро коҳиш медиҳад.Манбаъ: Регнум
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ