Ӯзбекистон

Бозиҳои компютерӣ боиси марги ҷавони 17-солаи таиландӣ шуд

Як ҷавони 17-солаи таиландӣ, ки шабу рӯз машғули бозиҳои компютерӣ буд, дучори сактаи мағзӣ (инсулт) шуд ва ин беморӣ ҷони ӯро гирифт. Дар ин бора Tempo.co хабар медиҳад. Ҳодисаи фаҷеъ дар рӯзҳои таътили мактабӣ рух додааст. Ҷавон шабу рӯз сари компютер менишаст ва бо бозиҳои онлайн машғул буд. Ӯ шабу рӯз бозӣ мекард ва ҳатто хӯрокро низ дар назди компютери худ мехӯрд.Рӯзе падари ҷавон ба хонаи ӯ ворид мешавад ва мебинад, ки писараш рӯи фарш аз ҳуш рафтааст. Падар ёрии таъҷилиро даъват мекунад, вале дер шуда буд. Шифокорон мегӯянд, ки писар аз ҷаҳон чашм пӯшидааст. Дар пайи муъоинаи тиббӣ маълум мешавад, ки ҷавон дучори сактаи мағзӣ шуда ва дар натиҷа даргузаштааст. Шифокорон тахмин мекунанд, ки чанд шабу рӯзро рӯбарӯи компютер бедор гузарондани ҷавон боиси сактаи мағзӣ гардидааст.Падар гуфта, ки бо вуҷуди дархосту илтимосҳои ӯ писар аз бозиҳои компютерӣ даст накашидааст. Ба гуфтаи падар, писари ӯ боақл ва таҳсилаш дар мактаб хуб буд, вале ҳамзамон ба бозиҳои компютерӣ беш аз ҳад побанд шуда буд.Падар изҳори умед кардааст, ки дигар падару модарон ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ ва хулосаи дуруст мекунанд.манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ