Ӯзбекистон

Ўзбекистон дар олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар миёни наврасон паллаи 2-вумро касб кард

Шоҳмотбозони Ӯзбекистон дар Олимпиадаи шоҳмот дар миёни ҷавонони то синни 16, ки рӯзҳои 28-уми октябр 6-уми ноябр дар шаҳри Чоруми Туркия баргузор шуд, паллаи дувумро дарёфт карданд.Дар мусобиқа, ки бо ширкати беш аз 250 шоҳмотбоз барпо шуд, Нодирбек Абдусатторов, Ҷавоҳир Синдоров, Алӣ Қосимов, Муҳиддин Мадаминов ва Умеда Омонова аз Ӯзбекистон намояндагӣ карданд.Ҷамоаи миллии Озарбойҷон дар радабандии умумӣ паллаи нахустинро касб кард. Ӯзбекистон бо 15 имтиёз соҳиби паллаи дувум шуданд. Шоҳмотбозони навраси Белорус дар паллаи савум ҷойгир шуданд.Ёдовар мешавем, ки шоҳмотбозони навраси кишвар соли гузашта қаҳрамони ин мусобиқа шуда буданд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ