Ҷаҳон

ИМА аз Кореяи Ҷанубӣ барои ҳимояти минтақа пули бештар мехоҳад

Ҳукумати ИМА дар музокира бо Кореяи Ҷанубӣ, ки дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд, тақозо кард, ки Сеул барои нигаҳдории нерӯҳои мусаллаҳи амрикоӣ дар минтақа маблағи бештар пардохт кунад.Дар ин бора рӯзномаи “Чосон илбо” навишт.ИМА дар музокира тақозо кард, ки нархи нигаҳдории сарбозонаш дар минтақаҳои ҳамсоя низ ба пардохти Кореяи Ҷанубӣ изофа гардад, яъне Сеул бояд 4,7 миллиард доллар пардохт кунад.Маблағе, ки ИМА дархост кард, 5 баробар бештар аз маблағест, ки Кореяи Ҷанубӣ ҳоло барои нигаҳдории нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар нимҷазираи Корея медиҳад.Ба гуфтаи Ҷеймс Дехарт, мушовири аршади вазорати корҳои хориҷи ИМА дар масъалаҳои музокирот ва тавофуқоти амниятӣ, аз назари Доналд Трамп ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ кӯшиши амрикоиҳо барои таъмини амнияти нимҷазираро бештар таъмини молиявӣ кунад.Ёдовар мешавем, ки Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА дар моҳи март тавофуқномаи ҷойгир кардани нерӯҳои мусаллаҳи амрикоӣ дар нимҷазираро ба имзо расонданд. Муҳлати тавофуқнома 10 сол ва арзиши он ҳудуди 1,18 миллиард доллар аст.Манбаъ: Регнум
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ