Ҷаҳон

Се ҳизби британияӣ мехоҳанд дар интихоботи порлумонӣ Брекзитро бозистонанд

“Ҳизби либералӣ-демократӣ”, “Ҳизби Уэлс” ва “Ҳизби сабзҳо”-и Британияи Кабир бо ҳам тавофуқ карданд, ки дар интихоботи зудҳангоми порлумонии кишвар бар зидди Брекзит (хурӯҷ аз таркиби Иттиҳоди Аврупо) раъй медиҳанд.Дар ин бора Press Association хабар медиҳад.Ҷо Суинсон, пешвои “Ҳизби либералӣ-демократӣ” ин тасмимро чунин тавзеҳ дод: “Ин фурсат дар сартосари кишвар барои онҳое, ки мехоҳанд, тарафдорони ҳифзи узвияти Иттиҳоди Аврупоро пуштибонӣ кунанд, фурсати муҳим аст”.Гуфта мешавад, ки намояндагони се ҳизби номбаршуда дар интихобот бо он рақибашон, ки мухолифи Брекзит аст ва барои роҳёбӣ ба маҷлиси поини порлумон имкони бештаринро дорад, мубориза нахоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки дар поёни моҳи октябр маҷлиси поини порлумони Британия бо раъйи аксарияти намояндагонаш пешниҳоди нахуствазир Борис Ҷонсонро дар бораи баргузории интихоботи зудҳангом дар миёни моҳи декабр пазируфтанд.Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ