Саломатӣ

Хизмати беминнати тиббӣ мерасонанд

Ходимони шӯъбаи якуми ёрии таъҷилии кардиотерапеии филиали самарқандии Маркази илмии ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳуриявӣ барои давои бемориҳои кардиологӣ ҳиссаи ҳисса ҳамроҳ карда меоянд. Ходимон бо сарпарастии роҳбари шӯъба, шифокор – кардиотерапевт Мӯъминҷон Рофеев дар давоми 5 (баъди реаниматсия) ва 10 рӯз беморонро табобат мекунанд. Бо давои хуб ва меҳрубониҳои онҳо дар 10 моҳи гузашта 2750 нафар бемор шифо ёфта, ба оилаашон солим баргаштанд. Дар шӯъба 9 нафар шифокор, 20 нафар ҳамшираи шафқат ва 12 нафар ходими хурди тиббӣ меҳнат мекунанд. Шифокорон Зӯҳро Назарова, Зебо Исомаддинова, ҳамшираҳои шафқат Майсара Аслиддинова, Марғуба Ҳакимова, ходими хурди тиббӣ Саодат Муллоҷонова ва дигарон бо меҳнати ҳалол ба дигарон намунаи ибрат ҳастанд. Дар назди шӯъба кафедраи терапеяи баъдидипломии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд фаъолият дорад. Ба ин кафедра дотсент, номзади фанҳои тиб Ирина Агабадян роҳбарӣ мекунад. Ходимони шӯъба ва кафедра ба ҳар як бемор хизмати хуби намунавии таъҷилии тиббӣ мерасонанд. Ҷамшед ОБИДОВ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ