Ӯзбекистон

Иштироки ҷавонон дар интихобот муҳим аст

Рӯзҳои 28-30-юми октябр дар оромгоҳи ҷавонони ноҳияи Бӯстонлиқ дар доираи лоиҳаи «Интихобкунандаи ҷавон» дар мавзӯи «Дар ҷараёни интихобот васеъгарднии иштироки ҷавонон ва зиёд намудани фаъолии онҳо» семинар-тре¬нинг баргузор гардид. Дар он вакилони Иттифоқи ҷа¬вонони Ӯзбекистон, Комис¬сияи интихоботии марказӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, беш аз 200 нафар омӯзгорони равияи ҳуқуқшиносии муассисаҳои таълими олӣ, ҷавонони фаъол, тадқиқгарони илмӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд. Семинарро раиси Иттифоқи ҷа¬вонони Ӯзбекистон А.Саъдуллоев ва раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳу¬рияти Ӯзбекистон М. Абдусаломов ифтитоҳ бахшиданд. Дар ҷараёни семинар-тренинг нотиқон оиди ба интихобот бефарқ набуда¬ни ҷавонон, соҳиби овози худ будани онҳо, дигаргунӣ дар Кодекси нави интихобот ва ғайра ҳарф заданд.Дар тадбири мазкур толибилми фаъоли коллеҷи иҷтимоиву иқти¬содии Гулободи ноҳияи Самарқанд Рустамҷон Аҳрорқулов ҳам иштирок кард. Дар рафти семинар дар байни иштирокчиён пурсишномаҳо гуза¬ронида шуда, бо мақсади дар бай¬ни ҷавонон васеъ оммавигардонии корҳои дар соҳаи мазкур амалигардида, ба роҳ мондани фаъолияти сайти WWW.yosh_saylovchi.uz, ба як қарор омаданд. – Дар семинар-тренинг доир ба интихобот соҳиби маълумоти зиёд гардидам. Профессор –омӯзгорони Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд ва вакилони Донишкадаи ҳарбӣ-техникии Гвардияи миллии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз рӯйи қоидаҳои интихобот, ҷараёнҳои он, ваколатҳои комиссияҳои интихоботӣ, дебатҳои пешазинтихоботии номзадҳо тарғибот бурданд, – гуфт Р. Аҳрорқулов. – Дар семинар иштирокчиён ба 5 гурӯҳ тақсим шуда, бо иштироки вакилони ҳизбҳои сиёсӣ оиди платформаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо, дастурҳои пеша-зинтихоботии номзадҳо ва ғайра баҳс намуданд. Дар семинар дӯстони нав пайдо кардам. Табиати мафтункори Бӯстонлиқ ба ман хеле писанд омад
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ