Фарҳанг

14 маълумот оиди ҳакими бузург

  1. Бузургтарин симои илмӣ ва яке аз шахсони до¬нишмандтарини асрҳои Х-ХI Абўалӣ ибни Сино 18 – уми августи соли 980 дар деҳаи Афшонаи вило¬яти Бухоро таваллуд ёфтааст.
  2. Бо ёрии табиби машҳури Бухоро Абўлмансу¬ри Камарӣ илми тибро мукаммал омўхт ва ба муо¬лиҷаи беморон шурўъ кард. Аз 16-солагӣ барои та¬бобати беморон шурӯъ кард.
  3. Абўалӣ ибни Сино дар синни 22-солагӣ пас аз шикаст хўрдани давлати Сомонӣ ва вафоти мода¬раш ба Хоразм меравад.
  4. Дар таърих Абўалӣ ибни Синоро Шайхурра¬ис, яъне сардори олимон номидаанд. Чунки вай та¬моми илму дониши замони худро ҳаматарафа омўх¬та, дар муддати чандин аср дар Шарқу Ғарб таъсир ва нуфузи зиёде дошт.
  5. Дертар дар Европа бо номи «Авитсенна» машҳур гардид.
  6. Дар муддати умри кўтоҳи худ дар соҳаи илмҳои гуногун бештар аз 450 асар навиштааст.
  7. Аввалин асари ў, «Ал-маҷмўъ» мебошад, ки дар синни 21-солагӣ таълиф карда буд.
  8. «Китоб-уш-шифо» аз муҳимтарин асарҳои ўст, ки аз 18 ҷилд иборат буда, фалсафа, мантиқ, математика, табииёт, мусиқӣ ва дигарҳоро дар бар мегирад.
  9. Оид ба тиб 16 асар эҷод намудааст, ки машҳуртарини онҳо китоби «Ал-қонун» мебошад ва дар ин китоби 5-ҷилда, ғайр аз масъалаҳои ана¬томия, патология ва ғайра дар бораи касалиҳои ва¬раҷа, тоун, вабо, нағзак, сурхча ва дигарҳо маълу¬моти муҳим додааст.
  10. Дар асри ХII Герард Кремонский «Алқо¬нун»-ро ба забони лотинӣ тарҷума намуд, ки он дар соли 1473 дар шаҳри Милан чоп шуд. Ин китоб ба забонҳои халқҳои Европа 40 маротиба нашр кар¬да шудааст. Табибон «Ал-қонун»-ро то асрҳои XVII-XVIII аз мўътабартарин китобҳои тиббӣ до¬ниста, беморонро аз рўйи он муолиҷа мекарданд.
  11. Ин китоб солҳои 1658 дар Лвов аз ҷониби Пломпид, соли 1491 дар Неапол ба забони ибронӣ, бо тарҷумаи Юсуф Ларкӣ, ба табъ расидааст.
  12. Асарҳои «Донишнома», «Рисолати набз», «Рисолати илми пешин ва барин», «Рисола дар адли подшоҳӣ», «Мантиқи форсӣ», «Зафарнома», «Рисо¬лаи тилисмоти форсӣ» ва дигари Сино ба забони тоҷикӣ навишта шудаанд.
  13. Шеърҳои тоҷикии Абўалӣ аз рубоиёт ва қитъаҳо иборатанд. Рубоӣ ва қитъаҳои ў бештар дар мавзўъҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва танқидӣ на¬вишта шудаанд.
  14. Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ соли 1952 қарор кард, ки инсонияти тараққипарвари имрўза Абўалӣ ибни Синоро ҳам дар қатори дигар мардо¬ни бузурги таърихӣ хотирнишон кунад. Таҳияи Фаридун ФАРҲОДЗОД
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ