ИқтисодӮзбекистон

Истеҳсоли бензин дар кишвар коҳиш ёфт

Бар асоси додаҳои кумитаи омори Ӯзбекистон, дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар кишвар 839,5 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуд. Ин дар ҳолест, ки дар муддати мушобеҳи соли гузашта 966,8 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуда буд. Сӯзишвории дизелӣ низ дар 10 моҳи сол рӯ ба коҳиш овард. Дар ин муддат 839,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол шуд. Дар 10 моҳи соли гузашта ҳаҷми тавлиди ин навъи сӯзишворӣ 900,1 ҳазор тонна буд.
Дар зимн, Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-октябр тавлиди нафтро коҳиш дод. Соли гузашта дар кишвар 624,3 ҳазор тонна нафт тавлид шуда буд, имсол ҳаҷми тавлиди нафт 584,1 ҳазор тонна буд.
Ҳамчунин, дар 10 моҳи сол да кишар 49,3 миллиард метр куб гази табиъӣ тавлид шуд. Соли гузашта ҳаҷми тавлиди гази табиъӣ 49,8 миллиард метр куб буд.
Дар ин давр тавлиди конденсати газ низ коҳиш ёфт. Соли гузашта конденсати газ 1,77 миллион тонна тавлид шуда буд, имсол ин шумор беш аз 1,73 миллион тонна аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ