Иқтисод

Ислоҳот дар соҳаи нафақапӯлӣ

Дар Ӯзбекистон, дар соҳаи тақсимоти нафақа ислоҳот ба амал оварда мешавад. Ҳар як ходим маблағе, ки дар дафтарчаи нафақаи меҳнатӣ ҷамъ мешавад, метавонад худаш дарҷ кунад.Дар баёноти маҷлиси рӯзи 21-уми ноябр аз ҷониби Президентамон Ш. Мирзиёев зарурияти ислоҳи соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, гузаштан ба сохти таъминоти нафақаи седараҷавӣ таъкид шуд.Бинобарин, дар дараҷаи аввал миқдори нафақаи минималии давлат нишон дода мешавад. Дар дараҷаи дуввум миқдори муайян аз ҳаққи кори ходим нигоҳ дошта, дар ҳисоб ба варақи шахсиаш ҷамъ карда шуда, бо фоизи ками ставкаи молиягардонидашудаи бонки Марказӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар дараҷаи саввум ҳар як ходим метавонад миқдори маблағи ҷудошударо дар дафтарчаи худ дарҷ кунад. Аз рӯи хабари хизмати Матбуот гуфта мешавад, ки “Агар ин сохтор дастгирӣ шавад кафолат барои саривақт гирифтани нафақа ва нафақахӯрон имконияти хуб фароҳам меояд”.Аз ҳамин сабаб, дар ҳамкории ташкилотҳои экспертии бонуфузи молия, Вазири Молия ва Бонки Ҷаҳонӣ кор карда баромадани консепсияи сохтори ислоҳоти нафақапулӣ ва бори дигар дида баромадани намудҳои суғуртаи иҷтимоӣ супоришҳо дода шуд.Н. Бобоахмедов. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ