Ӯзбекистон

Журналист ва блогерҳо аз рӯйи “дата- журналистика” дониш мустаҳкам намуданд

Дирӯз дар шаҳри Самарқанд барои журналист ва блогерҳо аз рӯйи “дата – журналистика” семинар –тренинги серӯза кори худро оғоз намуд. Ташкилотчиёни тадбир ваколатхонаи ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон, Маркази ривоҷи журналистикаи замонавии Ӯзбекистон мебошанд. Семинари мазкур дар доираи лоиҳа “Афзудани имкониятҳои воситаҳои ахбори оммави (ВАО) – и Ӯзбекистон барои хизматрасонӣ ба манфиатҳои ҷамоатӣ”, ки аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир (“British Embassu Tashkent”) маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил гардид. То ҳол дар 7 шаҳри мамлакат чунин семинарҳо гузаронида шуд. Лоиҳаи нав барои созмони салоҳияти контенти васеъмиқёси ВАО – и Ӯзбекистон, инчунин , дар оянда дар соҳаи дата – журналистика зиёд кардани маҳорат ва таҷрибаи журналист ва блогерҳо нигаронида шудааст. Дата -журналистика дар сифати сохтори нави журналистика аз ҳисоби мавҷуд будани ахбори рақамии васеъҳаҷм ва таъминоти барномавӣ пайдо шуд.Дар рӯзи аввали тадбир роҷеъ ба мавзӯъҳои ворид гардидан ба дата –журналистика, ҷамъоварии маълумот, интихоб ва таҳлил, бунёд кардани гипотеза, навиштани мавод дар асоси маълумоти асосноконидашуда, бунёди маълумотҳои мултимедиавӣ ва ғайра маълумот дода шуд. Мураббиён Эмил Фахреев ва Ҳотам Абдураҳимов аз рӯйи дар ҷойи кори худ (ВАО) дар мавзӯи пурдолузарб ва шавқовар бунёд кардани контент ва чоп намудани он машғулоти амалӣ гузаронданд. Инчунин, онҳо бо ҳозирон аз рӯйи омӯзиши кор бо барномаи Exsels ва кейсҳо, азхуднамоии медиа ва усулҳои ҷустуҷӯйи манбаъҳо маълумот кор доданд.Семинар то рӯзи 5 – уми декабр кори худро идома медиҳад.Ҷамшед ОБИДОВ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ