Ӯзбекистон

Шаҳрдори Душанбе бо Раисҷумҳури Ӯзбекистон дидор кард

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи гузашта дар Тошканд бо Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мулоқот кард.Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА хабар дод.Дар ин мулоқот Шавкат Мирзиёев дар бобати рушди робитаҳои дӯстонаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иҳзори ризоят кард. Ӯ гуфт, ки бо кӯшишҳои ҳукуматҳои ду тараф дар солҳои охир ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хеле пеш рафт ва кишварҳо шарики стратегӣ шуданд.Рустам Эмомалӣ барои истиқболи хуш ба Мирзиёев сипосгузорӣ кард ва саломи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро ба ӯ расонд.Шавкат Мирзиёев ва Рустам Эмомалӣ дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории пойтахтҳои ду кишвар – Тошканд ва Душанберо баррасӣ карданд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ